Туғёни роҳсоз зери тарма монд

 13 феврал бар асари зери тарма мондани як техникаи тамғаи ZL-50-и ширкати IRS дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ  як корманди ин ширкат фавтид. Дар натиҷаи ин офат, ки 8 километр поёнтар аз нақби Истиқлол рух дод, ронандаи 63-сола Туғён Умаров ба ҳалокат расид. IRS хабар дод, ки ҷасади Туғён Умаровро аз қаъри дара берун кашида, барои гӯручӯб ба маҳалли зисташ – деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол додаанд. Тайи 9 сол 9 корманди IRS дар зери тарма ҷон бохтаанд. Бар асари боришоти ахир ва рехтани тарма равуои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд мутаваққиф шудааст.

Филиал «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» в РТ

Фаврӣ!
Бо андӯҳи гарон иттилоъ медиҳем, ки чанд лаҳза пеш, ҳангоми бартараф намудани тарма дар километри 65- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ техникаи пуриқтидори филиали Ширкат — худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-ро тарма рабуд.
Дар натиҷа, ронандаи он Умаров Туғён ҳалокат расид.
Айни замон ҷасади номбурда аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол ёфта истодааст.
Мо аз марги номбурда, ки 63 -сола буду аз мутахассисони масъулиятшиносу поквиҷдон маҳсуб мешуд, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандонаш аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳонем.
Хотираи неки Туғён Умаров то абад дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *