Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Туркманистон дари масҷиду ибодатгоҳҳоро баст

Туркманистон калисоҳо, масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои дигари мазҳабиро ба рӯи ибодаткунандагон бастааст. Ба гуфтаи мақомдорон ин омил ҳамчун чораи пешгирӣ аз коронавирус роҳандози гардидааст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, даромадан ба ибодатгоҳҳо танҳо ба рӯҳониён ва онҳам бошад ҳангоми зарурат иҷозат дода мешавад. Инчунин ба имомҳои масҷидҳо иҷоза дода шудааст, ки барои эълони намоз, яъне азон гуфтан вариди масҷид гарданд.

 
Бояд қайд кард, ки ҳукумати Туркманистон то ҳол будани каронавирусро кишвараш эътироф намекунад. СҶТ чанде қабл ин амали пинҳонкоронаи ҳукумати Туркманистонро маҳкум карда, ин пинҳонкориро нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар унвон карда буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.