Қурғонтеппа : Зане бо доллари қалбакӣ дастгир шуд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 53-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми баровардани як адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ дастгир карда шуд.

Ташхис нишон дод, ки як адад 100-доллараи амрикоӣ таҳти №FC 26243086 А, ки аз тарафи гумонбаршуда ба муомилот бароварда шудааст, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунад.
Вобаста ба далели мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *