Туск: Тоҷикистон барои ША “аз лиҳози стратегӣ муҳим” аст

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо Тоҷикистон як кишвари барои ин иттиҳод “аз лиҳози стратегӣ муҳим” хонд ва гуфт, ин мамлакат барои таҳкими равобити ША бо ҷамоҳири Осиёи Марказӣ нақши калидиро бозӣ мекунад.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо Тоҷикистонро як кишвари барои ин иттиҳод “аз лиҳози стратегӣ муҳим” хонд ва гуфт, ин мамлакат барои таҳкими равобити ША бо ҷамоҳири Осиёи Марказӣ нақши калидиро бозӣ мекунад.

Пас аз поёни музокирот шоми 30 май, Доналд Туск ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон аз натоиҷи музокирот суҳбат карданд.

Онҳо дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба, мусоидат ба содироти моли Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо ва масоили ҳуқуқи башар ҳарф заданд.

Доналд Туск таъкид кард, ки Шӯрои Аврупо омода аст дар бахшҳои таъмини амният, ҳуқуқ ва озодии инсон аз Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.

Ин ду раҳбар дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни музокироти дуҷониба масоили мубориза муштарак алайҳи терроризм ва тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, вазъият дар Афғонистон ва дар чорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон матраҳ шудааст.

Дар остонаи сафари Доналд Туск ба Тоҷикистон созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ҳукумати ин кишварро барои маҳдудшавии озодии баён, фишор болои матбуот ва ҳуқуқшиносони мустақил, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон интиқод карданд.

Интизор мерафт дар ҷараёни ин сафар раиси Шӯрои Аврупо бо намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дидору гуфтугӯ  кунад. Аммо ин мулоқот баргузор нашуд.

Доналд Туск дар ҷараёни дидор аз Тоҷикистон ба минтақаи ҳаммарз бо Афғонистони Дарвоз ва кӯли Сарез сафар кард.

Тибқи маълумоти расмӣ,  Иттиҳоди Аврупо ба унвони кишвари ҳамкор то соли 2015 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 миллион евро кӯмак кардааст. Дар чаҳорчуби Стратегияи нави ИA барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион Евро татбиқ мешавад.

Доналд Туск дар чорчӯби сафари Осиёи Марказӣ аз Душанбе ба шаҳри Нурсултони Қазоқистон парвоз кард.

Дар назар аст, пас аз Қазоқистон раиси Шӯрои Аврупо вориди Ӯзбекистон шуда ва бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *