Тифлакони бангӣ-натиҷаи сигоркашии модарон

ТУТ  чист ва чаро тамокуро бад мебинад?

Ҳанӯз аз солҳои 1950-уми асри гузашта аз тарафи олимон тасдиқ шудааст, ки истифодаи тамоку ба марг оварда мерасонад. Аз тарафи намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) шумораи сигоркашҳо дар ҳамаи давлатҳои Аврупо ба қайд гирифта шуд. Аз натиҷаи далелҳои бадастомада маълум гашт, ки маргу мири ҷавонон ва шахсони аз 30 – сола боло, ки  танҳо дар атрофи шаҳрҳо  зиндагӣ мекунанд ва бо сабаби тамокукашӣ фавтидаанд, 16 фоизро ташкил медиҳад.  Дар муддати даҳсолаи охир зиёд шудани гирифторони тамоку ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ТУТ  мубориза бо тамокуро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон пурзӯр намуд.

Дар айни ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии кишварҳои Аврупо тасмим гирифтааст, ки бо роҳҳои ба мардум фаҳмою дастрас  аз ин вабои аср пешгирӣ намоянд. То имрӯз  якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд, ки дар 80 мамлакат базаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намоянду бемориҳои дар натиҷаи тамокукашӣ ба вуҷудомадаро ба аҳолӣ фаҳмонанд.

Чаро сигор зарар дорад?

Дуди тамоку, яъне сигор барои саломатии инсон хатари зиёд дорад. Таркиби сигор аз моддаҳои химиявии заҳрнок, марги муш, формалдегид, кансерогенҳо иборат  мебошад.  Дуди сигор ба шахсоне, ки дуди онро нафас мекашад, низ  зараровар мебошад. Ба монанди оне ки ӯро истифода мебарад, чунин таъсири манфӣ ба организм мерасонад.  Далелҳои исботшуда гувоҳӣ он аст, ки нафас кашидани дуди сигор ба бемориҳои системаи дилу рагҳо мусоидат намуда,  ба  маҳкамшавии рагҳои хунгард, ба вуҷуд овардани диққи нафас оварда мерасонад.

Кал додари кӯр…

Нос низ аз ҷумлаи маводҳои номгӯи тамоку маҳсуб меёбад.Саволе ба миён меояд, ки оё ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки ҳангоми тадқиқот гузаронидан аз таркиби нос  оҳак пайдо шуда бошад? Дмитрий Янин, намояндаи ТУТ чунин ҷавоб гуфт: Ҳангоми тадқиқот ба мо маълум гашт, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон носро бо омехтагиҳои моддаҳои химиявӣ, махсусан оҳак якҷо мекунанд. Ҳатто савол ҳам буд, ки чаро оҳак истифода мекунеду содда не? Истеҳсолкунандагон ҷавоб додаанд, ки содда гаронарзиш аст, фоидаи кам ба даст меояд.

Ҳамчунин, номбурда қайд намуд, ки барои ҷамъ кардани нос аз хокистар ва равған низ истифода мебаранд. Бештари вақт он дар шакли хока мебошад ва баъзан ҳолат кулӯлачаи хурд-хурд шакл аст.

Артём  Гил-намояндаи дигари ТУТ оқибатҳои нокасширо чунин шарҳ дод:

Нос — бештар ба даҳон ва дигар узвҳои нафаскашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Решаҳои дандон аз боиси нос баднамуду бемор шуда, худи дандонҳо зард ва ҳолати бармаҳал афтидану вайроншавиро ба вуҷуд меорад. Дар баробари ин, гулӯ, меъда ва баъзан рӯдаҳо низ ба маризӣ дучор мешаванд.

 Кӯдакони  сигоркаш  умри дароз намебинанд

 Шахсони сигоркаш, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавиашон, яъне дар атрофашон фарзандон, наберагон ва кӯдакони дар кӯчабуда тамокуро гирон намуда, дуди онро берун мекунанд. Ҳолатҳое ба назар мерасад, ки ҳамин дуд майли онҳоро нисбати сигор бештар месозад ва ҳамчун одати маъмулӣ ба он эътибори хоса медиҳанд.

Тибқи омори ТУТ аз дуди сигор ба бемориҳои сабуки роҳҳои нафаскашӣ дучор шуда, аз 50 то 100 дар сади онҳо ба бемории диққи нафас, сироятёбии гӯши миёна ва нишонаҳои марги бармаҳал дида мешавад. Дар чунин кӯдакон эҳтимолияти зиёди сигоркаш шудан вуҷуд дорад. Ба шахсони калонсол низ гирифторшавии бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемории дил то 20-30 дарсад, саратони шуш низ 20-30 дарсад, ҳамчунин саратони ғадуди сина низ дар назар дониста шудааст.

 Модари сигоркаш  дар  батнаш тифлашро бангӣ мекунад

Занҳои ҳомилае, ки тамоку мекашанд, фаромӯш набояд сохт, ки ҳаёти худу тифли батнашон зери хатар аст. Масалан, чунин амали модар оризаҳои зиёд, ба монандӣ кӯдакпартоӣ, мурда таваллуд шудани тифл, таваллуди бармаҳал ва бо вазни ками бадан, ҳамчунин, пайдо шудани бемориҳои музмини давоми ҳаёт идомаёбанда мегардад. Дар баробари ин, сигоркашӣ ба норасогиҳои модарзодӣ, лаби заргӯшӣ кӯтоҳ будани дасту пойҳо ва бемории модарзодии сактаи дил оварда мерасонад.

Сигоркашии дарозмуддат дар вақти ҳомиладорӣ баъзан ҳолат ба он оварда мерасонад, ки кӯдак танҳо бо моддаи никотин умр ба сар бурда метавонад.

Аз падарони сигоркаш ба тифлоне, ки аз нутфаи онҳо дар батн пайдо мешавад, ба инкишофи рӯҳӣ, равонӣ ва ҷисмонӣ таъсири манфӣ расонида, оризаҳои баъди таваллуд, ба монанди саратони кӯдакона, бемориҳои ирсӣ, нишонаҳои марги бармаҳал ва сактаи ҷисмонии қалб оварда мерасонад.

Ба ҳамин хотир набояд гӯянд, ки дуди сигор бетаъсир аст. Дуди сигор на танҳо шахсони як хонабударо, ҳатто ба воситаи нуқтаҳои ҳавобарори дар хонабуда таъсирашро мерасонад.

 Наход дуди сигор кушанда бошад?

Таъсири дуди сигор яке аз сабабҳои асосии марг дар марказҳои  Аврупо ба шумор меравад. Тибқи маълумоти ТУТ (сатҳи баланди шумораи маргу мирро) шахсоне, ки мефавтанд, шумораи зиёдашон аз тамоку аст. Ҳатто бемороне, ки аз сигоркашии бардавом, ба монанди бемории ишимияи дил дучор мешаванд, билохира ба марг оварда мерасонад.

Айни ҳол тақрибан нисфи кӯдакони то 15 – сола (54%) дар хонаҳои худашон аз дуди тамоку ва фоизи зиёдтар аз манзили истиқоматиашон дур, дуди тамокуро бӯй кашиданд.

Ин ҳолат барои мамлакатҳои Аврупо мушкили рақами як маҳсуб меёбад.

Роҳи халосӣ  дар чист?

Далелҳо нишон доданд, ки суратҳое, ки дар қуттиҳои сигор ифшо мешаванд, агар аз оқибатҳои тамокукашӣ қисса кунанд, барои гурӯҳи зиёди шахсоне бехабар аз оқибатҳои хатарзои тамоку ҳастанд, кӯдакон таъсири зиёд мерасонад. Ба воситаи панҷ омил метавон сатҳи тамокукашҳоро кам намуд. Якум, фаҳмонидани зарар ва оқибатҳои он ба организм , ҷамъ намудани далелҳое, ки аз оқибати тамокукашӣ ба бемориҳои музмин ва гирифтор шудаанд, амалӣ ва роҳандозӣ намудани қонуни манъи фурӯши тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, тарабхонаҳо, кинотеатр ва ғайра , баланд бардоштани андоз барои корхонаҳои истеҳсоли тамоку, исбот намудани оқибатҳои тамокукашӣ мебошад, гуфт Челси Хедквист намояндаи ТУТ ба хабарнигори ҳафтаномаи Тоҷикистон Маҳинаи Давлат.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *