ТУТ масъалаи маҳдуд кардани истифодаи тамокуро баррасӣ кард

Намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку мизи мудаввар доир кард.

Дар мизи мудаввар зикр гардид, ки имрӯзҳо тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва фавти аҳолӣ ба шумор меравад, ки он боиси нигаронии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои олам гардидааст.

Суҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ иброз намуд, ки мутобиқи маълумотҳои ТУТ дар ҷаҳон ҳамасола аз бемориҳои бо тамокукашӣ алоқаманд қариб 5 миллион нафар одамон мефавтанд ва ҳангоми нигоҳдории чунин тамоюл фавт аз тамокукашӣ то соли 2030 то ба 10 миллион нафар меафзояд.

Мавриди зикр аст, ки кашидани тамоку, хоидан, бӯй кашидан, макидан ё таги забон мондани маҳсулоти тамоку, ки вобастагии организми инсонро аз никотин ба вуҷуд оварда, ба саломатии истифодабарандагон ва шахсоне, ки маҳсулоти тамокуро истифода намекунанд, таъсири манфӣ мерасонад ва муҳити зистро ифлос мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *