ТВ “Пойтахт” соҳиби директори  нав шуд

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе бо нахустин фармони худ Суҳроб Рауфовро директори ТВ «Пойтахт» таъин кардааст.

Суҳроб Рауфов, ки аз моҳи июли соли 2015 дар мақоми роҳбари ТВ «Тоҷикистон» (собиқ “Шабакаи якум”) кор мекард, шоми 13 январ ба унвони директори ТВ “Пойтахт” барои кормандони он муаррифӣ шудааст. То таъини Суҳроб Рауфов ба мансаби директори ТВ “Пойтахт” дар ин мақом Шавкат Саидов, ки ҳамзамон сухангуйи шаҳрдори Душанбе низ буд, кор мекард.

Сӯҳроб Рауфов собиқаи кор дар телевизон ва радиоҳоии давлатии Тоҷикистонро дошта, солҳои пешин дар телевизиони “Ҷаҳоннамо”, радиои “Садои Душанбе”, Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *