Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикори 95 Марко Поло бо 45 ҳазор сомонӣ барои ҳар сар

Соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори  95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 12 сар бузи пармашох (морхӯр), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал)  ва 10 сар хирси малла (дар ҳолати таҳдид ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин) квота ҷудо гардид.

Дар ин бора сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев хабар медиҳад.

Ба иттилои мавсуф арзиши квота барои (як сар) гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 45 ҳазор сомонӣ,  бузи пармашох (морхӯр) —  241 ҳазору 378 сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 2 ҳазору 220 сомонӣ  ва хирси малла 9 ҳазору 249 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳолати гузаронидани мусобиқа оид ба шикор нархи квота то 25 ҳазор доллар баланд бардошта мешавад.

«Тибқи санҷише, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои ҶТ анҷом доданд, ҳоло саршумори гӯсфанди Марко Поло 26 ҳазор,  бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) 3 ҳазор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 600 ва хирси малла тақрибан ба 900 сар баробар мебошад», -иттилоъ дод  Абдуқодир Маскаев.

 

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.