Қубодиён: Мард язнаашро бо корд зада кушт

Шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳари апааш, марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

Дар ноҳияи Қубодиён марди 29-сола дар ҳолати мастӣ бо шавҳари апааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд язнаашро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Тавре зикр мешавад, номбурда, шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳари апааш, марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

“Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-омадааст дар иттилоия.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *