Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷудочӣ Парвиз Собиров  чемпиони ҷаҳон шуд!

Парвиз Собиров, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар чемпионати  ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд.

Тавре сомонаи КМОТ иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, Парвиз Собиров медали тилло ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 дар даври муқаддамотӣ бар Грегори Каусеро (Фаронса) ва Венер Мелло (Бразилия) пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал гуштигири тоҷик бар Дамиан Оҳара (ИМА) ғолиб омад ва ба финал баромад. Парвиз дар қувваозмоии ниҳоӣ Яник Лавиалеро аз Фаронса шикаст дод ва ба унвони чемпиони ҷаҳон мушарраф гашт.

Парвиз Собиров, ки 12 ноябри соли равон 36-сола шуд, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Вай дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ борҳо шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуда, ба ҷоизаҳои қаҳрамонии Осиё ноил шудааст. Парвиз инчунин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон ширкат кардааст. Айни ҳол ӯ муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мебошад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ боз чаҳор варзишгар намояндагӣ кард: Алишер Аламов (M3 -73 кг), Ҷавҳаршо Ёқубов (M3-81 кг), Мирзо Абдуллоев (M4-100 кг), Бозоралӣ Маҳмудов (M5-100 кг). Аз байни танҳо Алишер Аламов ба натиҷаи нисбатан хубтар ноил шуд. Вай дар гурӯҳи худ дар вазни то 73 кило мақоми ҳафтумро ишғол намуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи ҳафтум мақоми 25-умро касб кардааст.

Э. НАЗАРОВ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.