ИМА Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД-ро ҷашн мегирад

 Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода ва директори Маркази ноҳиявии мубориза бо СПИД Абдурашид Раҷабов дар чорабинии бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД иштирок намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон дар доираи чорабинии мазкур барномаи мусиқӣ, озмунҳои саволу ҷавоб дар мавзўи ВНМО, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозии лотерея баргузор гардиданд. Тариқи Лоиҳаи Пешсафи ЮСАИД дар Осиёи Марказӣ, ки тавассути Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба мусоидат дар мубориза бо СПИД (ПЕПФАР) маблағгузорӣ карда мешавад, бо мақсади ташкили чорабиниҳои шабеҳи иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом ва Панҷакент бо ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ҳамкории зич барпо карда шуд.

Паҳншавии сирояти ВНМО ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Тибқи маълумоти созмони UNAIDS, дар ҷумҳурӣ тақрибан 14000 нафар гирифтори сирояти ВНМО мебошанд, аммо танҳо 50 фоизи онҳо аз ташхис гузаштаанд. Аксарияти одамоне, ки аз эпидемияи ВНМО ҷабр дидаанд, ба табақаҳои канормондаи (маргиналии) ҷомеа таалуқ доранд. Шумораи зиёди одамон барои гузаштан аз муоина ва ё гирифтани табобат муроҷиат намекунанд, зеро аз табъиз ва афкори омма метарсанд. Ҳамасола санаи 1-уми декабр дар тамоми ҷаҳон Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рўз баҳри баландбардории сатҳи огоҳии мардум оид ба роҳҳои паҳншавии ВНМО, мубориза бо табъиз ва тарс аз афкори омма, нисбати гирифторони сирояти ВНМО ва дигар гурўҳҳои осебпазири ҷомеа, инчунин барои поси хотираи онҳое, ки аз ибтидои пайдошавии эпидемияи ВНМО аз бемории мазкур фавтидаанд, чорабиниҳо баргузор мегарданд.

Бо мақсади фарогирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, ки бештар аз ҳама таҳти хатари мубтало шудан ба ВНМО қарор доранд, аз ҷумла одамоне, ки маводи мухаддирро тариқи сўзандору истеъмол мекунанд, ва онҳое, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ва доираи иҷтимоии онҳо, Лоиҳаи пешсафи USAID оиди мубориза бо ВНМО роҳҳои инноватсиониро роҳандозӣ намуд. Тариқи бурдани кор бо доираи наздикони гирифторони ВНМО, лоиҳаи номбурда қодир аст, ки ин гурўҳи душвордастраси ҷомеаро ба таври амиқтар фаро гирад. Дар доираи Лоиҳа санҷишҳои фаврӣ ҷиҳати муайян намудани ҳодисаҳои нави сироятшавӣ бо ВНМО ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои нигоҳубини гирифторони ВНМО, ҳамчунин дар сатҳи ҷамоатҳо дастгирӣ намудани гирифторони ВНМО, ки табобат мегиранд, сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон ПЕПФАР Барномаи калон оид ба мубориза бо ВНМО/СПИД-ро маблағгузорӣ менамояд. Ин дастгирии молиявӣ тариқи ЮСАИД ва марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (МНПБ) сурат мегардад. Қобили зикр аст, ки ЮСАИД ва марказҳои мазкур дар якҷоягӣ ба татбиқи ҳадафҳои умумиҷаҳонии «90-90-90»-и ЮНЭЙДЗ мусоидат мекунанд: яъне то соли 2020, 90 фоизи ҳамаи одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, аз сатҳи сироятнокии худ огоҳӣ меёбанд; 90 фоизи ҳамаи одамоне, ки ба ВНМО гирифторанд, табобати устувори антиретровирусиро мегиранд; ва дар организми 90 фоизи ҳамаи одамоне, ки табобати антиретровирусиро мегиранд, фурўнишонии вирусҳо сурат мегирад. ПЕПФАР ҳар сол барои мубориза бо СПИД дар Осиёи Марказӣ тақрибан 15 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад, ки аз ин маблағ тақрибан 30% ба Тоҷикистон барои амалигардонии барномаҳои пешгирӣ ва табобати ВНМО равона карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *