Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳукумати Ӯзбекистон гардондани «Лентаи георгиевӣ»-ро манъ кард

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов пешниҳод кардааст, ки ба ивази «Лентаи георгиевӣ» лентае бо рангҳои парчами миллии ин кишвар истифода шавад.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов пешниҳод кардааст, ки ба ивази «Лентаи георгиевӣ» лентае бо рангҳои парчами миллии ин кишвар истифода шавад.

Вай гуфтааст, ки дар тарғиб ва амалӣ шудани ин иқдом ҳунармандони саршинос, сарояндагон, ҳунарпешаҳо, варзишгарон ва дар маҷмӯъ аҳли зиё бояд саҳми фаъол бигиранд.

Ба дастури сарвазир 100 ҳазор адад чунин летна таҳия ва миёни сокинони Ӯзбекистон тақсим шудааст.

«Лентаи георгиевӣ» дар Русия ва бахше аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ҳисоб ёфта ва сокинон дар остонаи Ҷашни пирӯзӣ дар 9 май дар либос ва ё мошинҳои худ насб мекунанд.

Нахустин маъракаи тавзеъи «Лентаи георгиевӣ» дар соли 2005 дар Русия шурӯъ шуда ва маъракаи мазкур дар ин кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Феълан дар Ӯзбекистон аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук маъракаи умумии даст кашидан аз «Лентаи георгиевӣ» роҳандозӣ шудааст.

Далели ин амр нашри таҳқиқоти муаррифони ӯзбек дар мавриди таърихи «Лентаи георгиевӣ» будааст.

Ба эътиқоди ин донишмандон, «Лентаи георгиевӣ» ҳамчун нишон ва лентаи Георгийи Муқаддас дар соли 1769 тавассути маликаи Империяи Русия Екатерина 2 таъсис шуда ва он ба генералҳою афсарони рус, ки кишварҳои дигарро забт карда ва мардумонашро несту нобуд мекарданд, тақдим мешуд.

Аз ин лиҳоз, гардондани «Лентаи георгиевӣ» таҳқири рӯҳи гузаштагони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки дар роҳи дифоъ аз сарзамини худ аз дасти истилогарони рус кушта шуда буданд.

Зимнан, дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар соли 2016 пулиси шаҳри Тошканд аз сокинон ва соҳибони мошинҳои шахсӣ «Лентаи георгиевӣ», ки рамзи пирӯзии мардуми шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ҳисоб меёбад, мусодира карда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус сару садоҳои эътирозӣ барои манъи гардондани «Лентаи георгиевӣ» дар Рӯзи Ғалаба баланд шудаанд.

Аммо дар Тоҷикистон чун дар Русия дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ «Лентаи георгиевӣ» тавзеъ ва гардонда мешавад. Ҳамасола дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ ба ибтикори Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар «Лентаи георгиевӣ» ба сокинон тавзеъ мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.