Умеда ба Сабурҷон умеди зиндагӣ бахшид

 Хабари марги ягон тоҷикро дар мусофират шунавам, дунё дар пеши назарам тираву тор мегардад, чунки ду писари ман ҳам дар мулки ғарибӣ кор карда истодаанд. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекунам, ки фарзандони маро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Писаронам дар Харков кору зиндагӣ менамоянд. Рӯзе зангашонро нашунавам, хаёл мекунам, ки чизеро гум кардаам. Писари калониям Сабурҷон ҳангоми сохтмони бино аз ошёнаи сеюм афтида, аз як пой маҳрум  гашта будааст, вале бародараш ин сирро аз ман паноҳ дошта, ҳар бори занг заданам баҳона пеш меовард, ки нонхарӣ рафтааст ё аз паси кадом кори дигар баромада, ҳанӯз бар нагаштааст. Табибони рус писарамро хеле табобат карда бошанд ҳам, пурра шифо бахшида натавонистанд. Вақте ки Сабурҷонам бо пойи маъюб аз дарвозаам даромад, замину осмон дар назарам гирдгардон шуд. Рӯю мӯямро канда гиристам, сарамро ба дару девор задам, вале тақдирро тадбир карда намешуд. Писарамро ба назди чандин табибони номдори тоҷик бурда бошем ҳам, талошҳоямон натиҷа надод. Устухони пояш аллакай пӯсида будааст ва духтурҳо роҳи ягонаро дар ҷарроҳӣ карда, бурида партофтани пойи маъюбгаштаи Сабурҷон медиданд. Барои он ки дили писарам ба зиндагӣ андаке ҳам бошад, гарм шавад, хостам сарашро ҷуфт намоям, аммо ба дари сад духтардор бо умед қадам ниҳода бошам ҳам, ягонтоашон писари маъюби маро ба домодӣ қабул накарданд. Умедамро аз духтарҳои қишлоқ канда қарор додам, ки аз деҳоти гирду атроф ягон келини муносиб меёбам, аммо дар ин замона дар ҳама ҷо хурӯс як хел ҷеғ мезадааст. Ба куҷое, ки наравем, аввал писаратонро биёред, ки духтарамон бинад, агар ҷавонҳо ҳамдигарро маъқул кунанд, мо дар ҳаққашон дуои сафед дода аз пайи тӯй мешавем мегуфтанд. Ба ҷону ҳоли писаракам намонда ӯро маҷбур ба хонаи чанд арӯс бурдам, аммо бо дидани пойи маъюби Собирҷон ҳамаашон рӯй турш карда, ягон баҳона пеш оварда, моро навмед гусел мекарданд. Донаҳои ашкро дар чашмони писарам дида дилу ҷонам ба сӯзиш меомад. Намедонам Худованд оҳи дили писари маъюбамро шунид ё гиряву зориҳои мани хунинҷигар ба гӯши парвардигор расид, ки ниҳоят пас аз чанд моҳи ҷустуҷӯҳои беҳосил духтараке барои келини хонадони мо шудан розигӣ дод. Тамоми ёфту тофтамро сарф карда, тӯйи пуршукуҳе оростам, то писарам худашро аз дигарон кам эҳсос накунад. Ба бахти мо келин духтари боодоби панҷ панҷааш ҳунар баромад. Писарамро дӯст медораду иззату икром мекунад, хизмати ману падаршӯяшро ба ҷо меорад, хулоса, аз келинам аз замин то осмон розӣ ва миннатдорам. Мехоҳам аз минбари баланди «Оила» ба арӯси писарам бигӯям:

Сабурҷони маро, ки тоҷи сар кардӣ, Худо аз ту розӣ бошад, Умедаҷон!

Муҳаррама Адлова, аз н. Спитамен

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *