Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Урунбек Қурбонов: Барои инсон пул даркор нест

Ин навбат дар рубрикаи мусоҳибаҳои позитивӣ суҳбате доштем бо намояндаи Ширкати “EYFEL” дар Тоҷикистон Урунбек Қурбонов, ки дар зер манзури хонандагони “Тоҷикистон” мегардад.

— Мо медонем, ки шумо намояндаи Ширкати “EYFEL” дар Тоҷикистон ҳастед, лутфан бигӯед, ки ин ҳамкориро аз кай оғоз кардед?

— Ман аз соли 2008 то соли 2016 савдогар будам. Пасон, дар дарсҳои устод Саидмурод Давлатов иштирок кардам, бо роҳнамоиву маслиҳатҳои эшон намояндагии ин бренди ҷаҳониро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардам. Ва ҳамин тавр моҳи июни соли 2017 аввалин нуқтаи фурӯшро кушодем.

— Солҳои 2008-2016 кадом намуди маҳсулот мефурӯхтед?

— Мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, сехи пластикӣ, сехи равғанкашӣ ва деҳқонӣ мекардам.

— Метавонед фарқиятҳои савдогар ва соҳибкорро гӯед?

— Савдогар маҳсулотро аз ҷое гирифта, дар ҷои дигаре ба савдо мегузорад ва қариб ки вақташро ба ҳамин кор мегузаронад. Соҳибкор  бошад, тамоман одами дигар аст. Ӯ вақти холӣ дорад, ба оянда бисёр диққат медиҳад, корҳоро назорат мекунад. Соҳибкор ба коре даст мезанад, ки агар худаш онро иҷро кунад, 1000 сомонӣ меёбад, вале агар нафари дигареро кор фармояд, ҳатман ки 2000 сомонӣ меёбад.

— Ба фикри шумо се омили рушд ва ба муваффақият расидани ҳар соҳибкор чист?

— Дуруст ба роҳ мондани кор, шарики тиҷорати ёфта ва ҳамроҳаш кор кардан ва савум барои коргарон шароит фароҳам овардан.

— То миллионер шудан шумо чанд қадами дигар мондааст?

— Миллионер шудан осон аст. Худо хоҳад, дар вақтҳои наздик миллионер мешавем.

— “Вақтҳои наздик” чанд вақт аст?

— Агар ин вабо сар намезад, нақша доштем, ки то охири соли 2020 ба рӯйхати миллионерҳо ворид шавем.

— Ҳадаф аз миллионер шудан чист: пулдор шудан ё бо пулҳо зистан?

— На ину на он. Барои инсон пул даркор нест. Балки мақсад кумак кардан ба давлату миллат бо истифода аз имконоти зиёд аст. Бовар кунед, ягон пулдор пулашро худаш намехӯрад.

— Шумо миллионер шавед, барои давлату миллат чӣ хизмат мекунед?

— Ман соли 1999 бо квотаи президентӣ ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шуда, донишҷӯ шуда, ба Душанбе омада будам. Аз сабабе ки шароит вазнин буд, ман дигар натавонистам таҳсилро давом диҳам. Сипас, маҷбур шудам, ки донишгоҳро ғоибона кунам ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равам. Дар он ҷо азоби  бисёр кашидам. Ва Худо кунад, ки ман миллионер шавам ният дорам, ки ба одамоне, ки орзуву мақсад доранду шароит не, кумак мекунам.   

— Киро метавон миллионер гуфт?

— Миллионер касест, ки зиёдтар вақти холӣ дорад. Нафарест, ки оилаи хуб дорад ва бо баробари ин пул ҳам дорад. Агар мо танҳо аз ҳисоби пулӣ миллионериро фаҳмем, ин тамоман чизи дигар аст. Ва ба фикри ман он нафарест, ки ҳама паҳлуҳои муҳими ҳаёташ баробар инкишоф ёфтаанд.

— Миллионер шудан то куҷо осон аст?

— Аслан аз аввал душвор аст ва пасон бисёр осон. Яъне, 1000 сомониро 2000 сомонӣ кардан душвор аст, вале 500 000 долларро 1 млн. долларро кардан бисёр осон.

— Пеш аз нуқтаи охир чӣ мегӯед?

—  Мардум вақти худро қадр кунанд. Саломатиашонро нигоҳ доранд. Мақсад гузоранд, ки ҳар рӯз аз болои худ кор кунанд ва дар фикри ободиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз бошанд.

Мусоҳиб

Ҳ.ТОҲИРӢ

P.S: Видеои мусоҳиба дар ютубканали Pressa.tj

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.