Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Устодони ДМТ дар иди касбиашон мукофотпулӣ гирифтанд

Устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар арафаи Иди касбии омӯзгорон 800 сомонӣ мукофотпулӣ ба даст оварданд.

“Ин ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода аст. Роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша талош мекунад, ки устодону кормандон дастгирӣ ёбанд. Тақсими ройгони 30 000 ниқоби яккаратаи тиббӣ ба устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон, ба сокинони пойтахт аз ин қабил аст”,-иттилоъ доданд аз ДМТ.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj