Устопириён аз карда пушаймонаст

 Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, комиссияи махсус муайян намуд, ки дар қувваозмоии баҳсбарангезаш бо Саидҷалол Саидов доварон ва мухлисон бо хатоие роҳ надодаанд.

Бо нашри як изҳорот дар сафҳаи фейсбукияш Комроншоҳи Устопириён гуфтааст, “гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолати баргузории қисми ниҳоии гӯштингириро дар ҷоми «Пойтахт – 2017», ки имрӯз 29 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи ман ва мураббиам Усто Устопириён баргузор гардид, иштирок намудам. Аз ҷараёни кори он, таҳлилу баррасии мутахассисон ва наворҳои видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатоӣ роҳ надоданд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоям ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хело пушаймон ҳастам. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи мухлисон ва ҳайати доварон узрпурсӣ менамоям. Ба қароре, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул гардидааст, ман розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам.Ба ҳамаи варзишгарон муроҷиат мекунам, ки этика ва одоби варзишгарро риоя намуда, ба давлату миллат содиқ ва вафодор бошанд”.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи корӣ рафтори Комроншоҳи Устопириёнро зимни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт–2017” баррасӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *