Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Узбаку қирғиз ва доғистонӣ дар ҳамла ба фурудгоҳи Туркия даст доштаанд

Расонаҳои Туркия ҳуввияти се нафар муттаҳам дар таркиши фурудгоҳи Отатурки ин кишварро эълон кардаанд. Гуфта мешавад, се нафар шаҳрвандони хориҷӣ-доғистонӣ, узбак ва қирғиз ба гумони даст доштан дар анҷоми таркишҳо боздошт шудаанд

Хабаргузории «Онотоли» дар як гузориш бо такя ба манбаъҳои худ навишт, се нафар аз ҳамлагрони фурудгоҳи Туркия аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ будаанд. Ин се нафар, яке аз Ҷумҳурии Доғистон, дигаре аз Қирғизистон ва сеюми аз Узбакистонанд.

Бар асоси ин хабар, ронандаи турке, ки ин се нафарро ба назди фурудгоҳи Отатурк бурдааст, ба пулис шаҳодат дода, ки ин афрод бо ҳам бо забони чеченӣ  ё қафқозӣ суҳбат мекардаанд.

Ҳафтаномари «Ҳуррият» ҳам ҳувияти яке аз ин афродро фош карда, навиштааст, ки ӯ Усмон Вадинов ном дошта, сокини Ҷумҳурии Мухтори Доғистон мебошад.

Дар пайванд ба ҳодисаи таркиши хунини фурудгоҳи Туркия 13 нафар дар Истанбуд ва 9 нафари дигар дар шаҳрҳои дигари Туркия боздошт шудаанд, ки ба ташкили ин таркишҳо муттаҳам мешаванд. Ҳуввияти се тан аз боздоштшудаҳо мушаххас шуда, дар расонаҳои Туркия бозтоб шудааст.

Суҳби имрӯз як расонаи Туркия бо номи «Миллият» навишт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои хунини фурудгоҳи ин кишвар боздошт шудаанд. Аммо пас аз дарзи ин хабар дар расонаҳои худии Тоҷикистон Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон филфавр баёния нашр кард ва гуфт, ки хабари расонаҳои Туркия боварибахш нест.Ин вазорат эълон кард, ки дар иртибот ба ин мавзуъ таҳқиқро оғоз кардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.