Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вақте ҷилав дар ихтиёри нафс аст… Ё интизорӣ аз Паёми Президент

Дар ҷомеае, ки АҚЛ аз болои нафс пирӯз аст, рушду пешрафт ҳамеша побарҷост ва баръакс агар нафс болонишин аст, пас ҳар гуна  хушунату фасод тавлид гашта, дар маҷмӯъ ин ҳама баракат мерабоянд.

Нафс хисороти моливу моддиву ҷонӣ ба бор меорад ва рушан аст, ки анҷоми ҳар гуна нафспарвариҳо ҷуз ҳалокат, чизи дигаре беш нест. Ҷилави ришвахору террористу дузду қотилу қудратталабу шаҳватпараст дар ихтиёри нафс аст, ки дар анҷом нафси саркаш ин теъдодро туъмаи худ мегардонад.

Вақте аз ин боб бо равшанфикре суҳбат доштам, мавсуф ғуломи нафс гаштанро бадтар аз сирояти коронавирус маънидод кард, ки ба гуфтаҳои эшон сад дар сад ҳамфикрам. Доруи пандемия ҳаст, аммо НАФСемия-ро бо чӣ усул метавон тадовӣ кард?

Нафси сиёсӣ

Ҳарчанд мо ифтихор аз соҳибтамаддуниву мероси бойи фарҳанги худ мекунем, аммо андак аз нафспарвариамон дар як сония моро беқадру шармандаву ба қавле радди маърака мегардонад. Маҳз нафсу нафспарварии иддае аз қудратталаб буд, ки солҳои навадум мо аз гиребони ҳамдигар гирифтем ва бо санги ҷаҳлу ҷаҳолат сари ҳамдигар кафонидем, ки дар натиҷа, садҳо ҳазор нафар гуреза шуданд, ҳазорон нафар қурбони курситалабон гаштанд, хонаву дари мардум туъмаи оташ гашт. Имрӯз ҳам теъдоде аз нафспарвару қудратталабу мансабхоҳони ҷодагумкардаҳое, назди хоҷагонашон миллатпастзанӣ доранд ва ғофил аз онанд, ки бо чунин хушунатпарвариҳояшон теша бар решаи аслу насли худ мезананд. Ва ин ҳама ҷузъе аз нафспарварии сиёсатбозоне дар соҳаи сиёсат аст, ки замоне моро хуб ба бозӣ кашиданду имрӯз ҳам мехоҳанд саҳнаҳои таҳиякардаашонро дар мусоидат бо тарҳу нақшаи касифи хоҷагонашон ба намоиш гузоранд.

Нафси мансаб

Ҳар соҳибмансабе талошу кӯшиш меварзад, то мансаби калидиеро соҳиб гардад ва чун муваффақ ба хостаҳои худ шуд, хазинаи коргоҳро ба хазинаи хусусии худ табдил медиҳад ва таассуфовар он аст, ки ин теъдод пайваста аз об хушк мебароянд. Ҳатто ин теъдод аз манфиатҷӯ, фавтидагонро ҳам дар рӯйхати зиндаҳо қарор дода, нафақаи онҳо меситонанд. Дар тӯри шикории сайёдони ниҳодҳои тафтишотӣ афроде ба дом меафтанд, ки иҷрокунандаанд, аммо супоришдиҳандагон чун моҳи беайб боқӣ мемонанд.

Нафси саркаш он қадар соҳибвазифаҳоеро побанду мутеъи худ гардонидааст, ки ҳатто коргоҳро авлодӣ месозанд: аз фарзанд то келину тағову ёру бародарашонро атрофи худ ҷой медиҳанд, ки ба қавли эшон, аз як гӯшаи ин коргоҳ рӯзии худро пайдо карда, зиндагӣ пеш мебаранд. Маҳз чунин эҷоду тавлиди нафс аст, ки истеҳсолот мувоҷеҳ  ба шикасту муфлисӣ мегардад. Ҳар яки мо шоҳидем, ки чӣ гуна бонки замоне маъруфу номдор – “Агроинвестбонк” рӯ ба муфлисӣ овард. Омил, сарфу харҷи беҳудаи чанде аз пайванду хеше табори роҳбарияти бонки мазкур асту бас.

Нафси бозорӣ

Рӯ орем ба арзиши маҳсулоти бозор: Ин ҷо ҳам дар вуҷуди ҳар яке нафс ғулғула дорад: арзон дастрас кардани молу маҳсулот ва даҳчанд қимат ба фурӯш гузоштани он.  Нафси моликони бозору “бом”-ҳояшон андоза надорад. Дардноку амаловар аст, ки аксар аз тоҷирону соҳибмулкони ин ва ё он нуқтаҳои фурӯш ҳоҷиёнанд, ки ҳарчанд овони зиёрати хонаи Худо сӯи шайтон сангпартоӣ кардаанд, аммо аз амалкарди теъдоде аз ин ғуломони нафс чун оина равшан аст, ки сангашон ба нишон нарасидаву нафс то ба ҳол дар ботинашон зинда аст. Агар воқеан ҳам, санг бар сари нафси худ мезаданд, имрӯз арзиши молу маҳсулот аз чаҳорчуба берун намешуд. Ин теъдод аз ҳоҷиёни каҷрав, ба номи Худову Расул савганд мехуранду аммо манфиати худро болотар аз  хайру сахо медонанд.

  Нисбат ба соҳибмансабоне, ки танзиму назорати бозор дар ихтиёри онҳост ва мусаллам аст, ки сарчашмаи пешбурди рӯзгорашон ҳам бозор аст, чизе намегӯям. Зеро садҳо маротиба гуфтааму дигарон низ мегӯянд, аммо ҳеҷ не, ки мансабдору масъуле дар қиболи беназмиҳои бозор низоме ҷур созад.

Нафси шаҳвонӣ ё ҳайвонӣ

Нафси шаҳвонӣ ё ҳайвонӣ бадтарин нафси инсонҳоест, ки мутаассифона, имрӯз ин беморӣ аксарро ба гирдоби худ кашидааст.  Ҷойи таассуф аст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза хабарҳое ба нашр мерасанд, ки баъзе аз духтарону писарбачаҳои наврас мавриди озори ҷинсии иддае аз “педофил” қарор мегиранд. Мутаассифона, теъдоде аз ин шаҳватпарастон аз об хушк мебароянд, ки чунин амалкарди ниҳодҳои қудратӣ садҳо шубҳаву андешаву нобовариро дар дили мардум тавлид месозад: Дар шаҳри Ҳисор марде ба номуси духтари ноболиғе таҷовуз кард, аммо ӯро аз толори суд бар асоси қонуни афв озод карданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавоне писарчаеро мавриди озори ҷинсӣ қарор дод ва танҳо бо пардохти ҷарима аз муҷозот озод шуд. Ҷавоне ба духтархонди 10-солаи оҷизу бемораш дастдарозӣ кард ва  даҳҳо чунин мисолҳое метавон овард, ки аз гуфтани чунин бадкориҳо дилу забон месузад.

Нафси бад  

Ҳамагон хуб огаҳ ва ҳатто шоҳиди зиндаем, ки мактаббачагон барои андак нофаҳмӣ миёни худ теғ бар тану ҷони ҳам мезананд, дар кӯчаву дохили нақлиёту бозор, баъзан духтарҳои ҷавон мавриди озору таъқибу таҳдиди теъдоде аз зӯргӯ қарор мегиранд, ҷавононе ҷиҳати ба даст овардани пули бедарди миён, роҳи дуздиву авбоширо пеша карда, ҳамла ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаву хонаҳо мезананд… Ин ҳама ба хотири чӣ? Танҳо ба хотири қонеъ гардонидани нафси саркаш.

Ин гуна манзараҳои нохуш, ки таҳиягарони чунин хушунатпароканиҳо афроди дур аз ахлоқи инсонианд, саҳифаи сафеди рӯзгору зиндагии ҳар яки мо, дар маҷмӯъ МИЛЛАТ-ро доғдор месозанд.

Пас, чӣ бояд кард, то аз ин кӯлмаки ғализи бадахлоқӣ, ки бӯи баду нофорам ба атроф мебахшад, ҷомеаро раҳо созем? Ба ин суолам як пири хирад, ки солиёни зиёд омӯзгор буд ва имрӯз рӯи бистари беморист, чунин посух гуфт: — Фаъолони маҳаллаву масъулин гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, тавонистанд баргузории ҳар гуна ҷашну маросим ва маъракаҳои пурхарҷро ба низом оранд, ҳатто чунин гурӯҳҳои корӣ роҷеъ ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ низ миёни аҳолӣ кор бурда, то ҷое муваффақ ҳам шуданд. Пас, чаро ҷиҳати аз буҳрони ахлоқӣ берун кардани ҷомеа чунин гурӯҳҳои корӣ таъсис намеёбанд? Ва илова кард: Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаи доғро ба миён мегузошт ва дар ин самт пешниҳодоти ҷолибе ироа медошт, бовар доштам, ки фасоди ахлоқӣ коҳиш меёфт.

Фикр мекунам, чунин пешниҳод олист ва он фишанги таҳрикдиҳандаи  масъулини тамошобину худпарвару “худшинос” ва санги мустаҳкаме хоҳад гашт бар сари нафси нафспарварон.  Дунё ба умед?!

Муҳиддин Идизода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.