Вабои садаи нав

Як назария вуҷуд дорад, ки ҳар 100 сол як эпидемия дар сайёраи Замин пайдо мешавад. Метавон гуфт, ки ин тасодуф аст, аммо дурустии хронологӣ исботи дигар дорад.

Бисёре аз муҳаққиқон мегӯянд, ки эпидемияи кунунии коронавирус ба рӯйдодҳои асрҳои гузашта, ки боиси ҳалокати миллионҳо нафар гардидааст, монанд мебошад.
Имрӯз хурӯҷи бесобиқаи каронавирус дар саросари ҷаҳон олимону донишмандонро нигарон кардааст. Саволи мантиқӣ ба миён меояд, ки чунин бемориҳо тасодуфан пайдо мешаванд ва ё сохтаи дасти инсониятанд? Ё шояд ташкилотҳои махфие ҳастанд, ки ба хотири кам кардани шумораи аҳолии ҷаҳон чунин бемориҳоро паҳн мекунанд.

Агар ба таърихи пайдоиши чунин бемориҳои сирояткунанда назар андозем, кас ба тасоддуф будани хурӯҷи ин қабил бемориҳо шубҳа мекунад. 

Соли 1720: Тамоми Аврупоро як эпидемияи вабои бобонӣ, ки лақаби “Марсел”-ро дошт, фаро гирифт. Ин беморӣ чандин сол давом намуда, боиси марги 100 000 нафар гардид, ки таърих чунин фавти сартосариро аз беморӣ то он замон ёд надошт.
Соли 1820: Расо баъд аз сад сол, дар бисёр кишварҳои Осиё, аз ҷумла Филиппин, Индонезия ва Таиланд бемории вабои сирояткунанда хурӯҷ кард, ки маркази хурӯҷи ин беморӣ Филипин дониста мешуд. Аз бемории сирояткунандаи “Осиё” низ 100 000 нафар ҷон бохт. 

Соли 1920: Охирин ва бузургтарин вабо ё эпидемияи сад сол пеш пайдо шуда, боз ҳам Аврупоро такон дод. Маркази бемории сирояткунанда Испания ба қайд гирифта шуд ва миллионҳо нафарро ба коми марг кашид. Эпидемияи дар Испания пайдошуда марговартарин бемории сирояткунанда дониста мешуд, ки то ҳол насли инсоният чунин талафотро аз беморӣ надидааст.

Соли 2020 бошад, бемории коронавирус хурӯҷ кард.  Ин беморӣ аввалҳои соли 2020 дар вилояти Ухани Чин пайдо шуда, бархе аз коршиносон онро эпедемияи садаи нав медонанд.

Яҳё Маҳмаднабиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *