Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ваъдаи Раиси нави Бонки миллӣ. Мушкилоти муштариён ҳал мешавад?

Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки дигарбора эътимоди мардумро ба бонкҳо бармегардонанд ва қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ медоранд. Холиқзода 25-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон ба чанд саволи хабарнигори “Озодӣ” вобаста ба вазъи бонкҳои дар гирдоби мушкилот ғуттазада, пансандози муштариён, вазъи “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар муаммоҳои ҷойдштаи посух гуфт.

-Дар мансаби нав барои беҳбуди низоми бонкӣ чӣ кор карда метавонед?

-Барои беҳбуди низоми бонкӣ, пеш аз ҳама, ҳаракат мекунем дубора эътимоди мардум зиёд гардад. Ин яке аз мақсадҳои асосии мост. Алакай нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки аз 28 банд иборат аст. Мо омода ҳастем, ташкилоти қарзиро дастгирӣ кунем. Захираи ҳатмие, ки барои онҳо пешбинӣ шудааст, нисбатан кам намудем.

-Дар бораи баргардондани эътимод гуфтед, аммо ҳанӯз ҳам сокинон амонату пасандозҳои худро аз бонкҳо гирифта наметавонанд…

-Ҳаминро гуфтаниям, ки дар доираи имкониятҳоямон бо бонкҳои дучори буҳрон, яъне «Тоҷиксодиротобонк» ва «Агроинвестбонк» ҳамкорӣ дорем. Уҳдадориҳои онҳо дар назди амонатгузорон дар муқоиса ба соли 2016 ба маротиб кам шудааст. Барои беҳбуди вазъ корҳоро идома медиҳем. Мушкили асосии ин бонкҳо дар фурӯши амволашон аст. Вазъиятро медонед. Фурӯши амвол суст шудааст. Лекин ҳар маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши амвол ба даст меоранд, зуд ба муштариён тақсим мекунанд. Ин ду бонк сармоягузор доранд. Ҳукумати Тоҷикистон дар шахсияти Вазорати молия ба онҳо сармоягузорӣ мекунад. То ба ҳол ягон қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи корашон ба тасвиб нарасидааст. Фикр мекунам, роҳи ҳалли мушкилро меёбем. Нисбат ба «Фононбонк», ки иҷозатномаашро бозхонд карда будем, гуфтаниям, ки то охири моҳи феврал пурра баста мешавад ва амонатгузорон маблағҳои худро мегиранд.

-Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавирус баргардонидани қарзҳои гирифтаашон аз бонк мушкил шудааст. Дар умум сокинон аз бонкҳо чӣ қадар қарздоранд?

-Аҳолӣ аз бонкҳо 10,3 миллиард сомонӣ қарз доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд аст. Муҳлати пардохти беш 900 миллион сомонӣ қарзи аҳолиро дароз кардем ва ин гузашт вобаста ба таъсири пандемияи коронавирус аст.

-Дар оғози моҳи ноябр қурби сомонӣ дар баробари доллар якбора поин омад ва як доллар ба 11 сомониву 30 дирам расид. Боз тағйироте дар ин замина дар назар ҳаст?

-Мо ҳаракат мекунем, ки қурби асъорро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем. Яке аз сабабҳои асосии болоравии қурби доллари амрикоӣ ва афзоиши талабот ба он, идомаи тавозуни манфии савдои кишвар, кам шудани пулҳои интиқолӣ, сармояи хориҷӣ ва кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.