Вафо Аюбӣ корманди милитсияро захмӣ кард

Вафо Аюбӣ, писари 37-солаи овозхони шинохта аз шаҳри Кӯлоб Зафар Аюбӣ, маъруф ба Зафарчаро рӯзи 17 апрел бо итиҳоми авбоши дастгир карда шуд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ Вафо Аюбӣ ба зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳуфзи ҳуқуқ айбдор карда мешавад. Ин манбаъ мегӯяд, Вафо Аюбӣ дар хонаашон ҷанҷол бардоштааст ва падараш худаш ба мақомот занг задааст, ки омада, оромаш кунанд. Вале ӯ муқовимат нишон дода, корманди милиса Комрон Шарифзодаро бо «отвёртка” захмӣ кардааст. Моҳи сентябри соли 2019 ба зидди Вафо Аюбӣ барои корд задани Нуриддин Набиев, нозири 40-солаи коргарони бинои нотамоми маркази «Баҳор” бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушода буданд. Моҳи августи соли 2019 Ҷовидон Аюбов, писари 27-солаи овозхонро кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД бо иттиҳоми паҳн кардани маводи порнографӣ 5 рӯз ҳабс карданд. Боздошти Ҷовидон Аюбов дар пайи дар байни мардум паҳн шудани видеои алоқаи ҷинсии ӯ бо духтари овозхони шинохта С. сурат гирифта буд, вале писари Зафарчаро баъди 5 рӯз озод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *