Вафоти Фозил Искандар

Адиби маъруфи замони Шӯравӣ Фозил Искандар дирӯз  дар синни 87 вафот кард.

Иттифоқи нависандагони Русия гуфт, Фозил Искандар субҳи якшанбе дар бӯстонсарояш дар Переделкино, наздики Маскав  аз олам чашм пӯшид. Фозил Искандар соли 1929 дар шаҳри Сухумии Абхозистон ба дунё омадааст. Падари ӯ аз Эрон буд. Соли 1938, вақте Фозил Искандар ҳамагӣ 9 сол дошт, падарашро дар мавҷи таъқиботи сталинӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ронданд ва адиби оянда дар хонаводаи хешу табори модариаш ба воя расид. Фозил Искандар бо силсилаи повесту романҳояш дар бораи Чегем – рустои кӯҳистоние дар Абхозистон, ки зодгоҳи модари ӯст, маъруф аст. Пурхонандатарин романи ӯ “Сандро аз Чегем” буд. Дар солҳои Шӯравӣ нашри китобҳои Фозил Искандарро барои ошкорбаёниаш манъ карда буданд. Ӯ дубора танҳо баъди солҳои бозсозӣ тавонист китобҳояшро чоп кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.