Ваксинатсия дар Тоҷикистон. Киҳо бори сеюм ваксина мегиранд? (аудио)
Бино ба иттилои мавҷуда, дар кишвар барои эмкунии навбатӣ аз коронавирус омодагӣ мебинанд.
Сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки дар навбати аввал пизишкон, кормандони соҳаи маориф, кормандони соҳаи бонкдорӣ ва шахсоне, ки гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳастанд, ваксинаи сеюмро мегиранд.
Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки Бемористони Ибни Сино ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъди гирифтани вояи дувуми ваксина бояд ҳадди ақал шаш моҳ гузарад ва сипас вояи севвумро гузаронд.
Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки то ин дам қариб 69 фоизи сокинони аз 18-сола боло дар кишвар вояи якум ва 58 дарсад вояи дуввуми ваксинаро гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ