Варо гоҳ васф, гоҳо ганда карданд, Ба ҳолаш ашкрезон ханда карданд…

Аввалу анҷоми  як ҳамкорӣ

Бояд донист, ки Абдурозиқ ҳанӯз чанд сол қабл бо як навори кӯтоҳи овозхонияш дар интернет сертамошобин шуду баъдан аз назарҳо дур монд. Абдурозиқ зодаи деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент буда, се сол пеш орзу дошт, ки овозхони машҳур шавад. Ӯ 18-сола аст, вале зоҳиран кӯдаки 4-5-соларо мемонад. Волидонаш сабаби қадпастии ӯро  ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки аз овони хурдсолӣ дучори он шудаву онҳо он замон имкони табобаташро надоштанд.

Пасон соли 2019 Барон ном рэпери тоҷик ӯро ба Душабе овард. Дар Душанбе роҳи ин ду нафар бо дастгирии ҳаводорони бешумор якбора кушода шуд. Наворҳо, суҳбатҳо, сурудҳояшонро миллионҳо нафар азназар мегузаронд. Дар муддати кӯтоҳ шуҳрати ин ду нафар берун аз Тоҷикистон рафт. Дар бораи ин ду нафар расонаҳои хориҷӣ ҳам гуфтанд.

Вале бегоҳи 17-уми ноябр Барон бо нашри як навор эълон кард, ки Абдурозиқ дигар бо ӯ нест ва ҳамкории онҳо ба анҷом расид. Барон дар навори нашрнамудааш аз заҳмати шабонарӯзии худ барои муваффақ кардани Абдурозиқ ёдовар шуд ва ӯро ба хиёнат муттаҳам кард.

Абдурозиқ пас аз гирифтани раводиди тилоӣ чандест, ки дар Дубай қарор дорад. Ӯ ахиран тасмим гирифт, кори муштарак бо Баронро қатъ кунад. Мавсуф «устодаш»-ро ба он муттаҳам кард, ки тамоми туҳфаву ашёи қиматбаҳо ва маблағи калонеро, ки аз набарди баргузорнашудаи ӯ бо Ҳасбики доғистонӣ ба даст оварда буд, аз худ кардааст.

Барон: “Абдурозиқ бародарошда хиёнат кард”

Беҳрӯз ё ба тарзи дигар Барон аз ҷумлаи рэперони номдори мо аст ва то ҳамкорӣ бо Абдурозиқ то ин андозае, ки ҳоло ҳаст дар ҷомеа маъруфу машҳур набуд. Номбурда, яку якбора 17-уми ноябр дар саҳифаи Ютубии худаш навори 43-дақиқагиеро зери сарлавҳаи “Абдурозиқ бародарошда хиёнат кард. Абдурозиқ қати мо нест дига”нашр кард ва дар он тамоми ҷузъиёт ҳамкорӣ бо Абдурозиқро  дар тӯли 3 соли фаъолият, ба ҳайси продюсер ифшо намуд.

Барон дар навор нақл мекунад, ки Абдурозиқ ӯро дар Дубай хуш қабул накард ва дигар майлӣ ҳамкорӣ надошт. Ҳамзамон Абдурозиқ аз нобаробарии тақсимоти фоидаи бадастомада гуфт ва шикоят намуд, ки дар ин се сол Барон ба ӯ аз маслиҳати кардаашон пули кам додааст.

Дар навори Барон чанд бор номи Ясмин зане ба такрор садо медиҳад, вале маълум нест, ки ин зан тоҷик аст ё араб. Ба нақли Барон, гӯё маҳз ин зан Абдурозиқро шӯр андохта миёни онҳо ҷудоӣ барангехтааст.

Ба таъкиди Барон, шайхҳои Дубай ба Абдурозиқ ваъда додаанд, ки дар Панҷакент ва Душанбе барои ӯ хона мехаранд. Аммо Барон ҳарфҳои онҳоро бепоя арзёбӣ карда, бар ин бовар аст, ки Абдурозиқро дар нимароҳ мемонанд.

Абдурозиқ: 

“Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад”

Пас аз навори нашр намудаи Барон, Абдурозиқ ҳам дар саҳифаи Инстаграми худ ду навори кутоҳ нашр кард ва ба қавле ба собиқ продюсераш ҷавоб гардонд. Ӯ дар навори якумаш гуфт: «Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбик? Ман сад дарсад гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон. Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомониро дар корти акаи Шуҳрат гузаронданд. Канӣ он пулҳо? Ман ин қадар сол чизе нагуфтам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад».

Баъди нашри ин навор, ҳаводорони Барон ба Абдурозиқ сахт бархӯрд карданд ва ӯ маҷбур шуд, ки навори дуюмашро пахш кунад ва аз кӣ ва чӣ гуна будани Барони 3 сол пеш бигӯяд: “Шуморо се сол пеш кӣ мешинохт? Шумо маро барои чӣ аз деҳа овардед? Албатта, барои фоида ва бизнесатон!”

Вокунишҳо: “Барон Абдурозиқро барои дастгирӣ не, барои бизнес овард”

Ҳамин тавр, пас аз нашри навори Барон 2-3 рӯз мардум Абдурозиқро то тавонистанд танқиду таҳқир карданд ва хеле “лайк”-у “просмотр”-у “коммен” гирифтанд. Вале рӯзи гузашта маҷроӣ танқиду вокунишҳо дигар тараф шуд. Зеро  Навик МС ва Шахер, ду рэпери тоҷик бо нашри наворе аз аввал ҳамкориҳои Барон ва Абдурозиқ гуфтанд ва таъкид намуданд, ки Барон бояд аз Абдурозиқ бахшиш пурсад.

“Вақте ки мо навори аввалро аз ҳаёти Абдурозиқ дар Ютуб мондем, Барон гуфт, ки агар ҳамин видео 100 ҳазор “просмотр” гирад, Абдурозиқро ба Душанбе меорам. Вақте ки видео дар 5-6 соат зиёда аз 100 ҳазор тамошобин пайдо кард, Барон кӯдакро аз Панҷакент овард. Ва ин факт аст, ки Барон Абдурозиқро барои дастгирӣ не, барои бизнес овард”.

Бояд ёдовар шуд, ки пас аз муроҷиати ин ду рэпер, наворҳои дигар ҳам ба ҷонибдории Абдурозиқ пайдо шуданд.

 Падари Абдурозиқ:

“Шартномаи мо 50 ба 50 буд”

Падари Абдурозиқ дар суҳбат бо “Тоҷикистон” аз тамоми ҷузъиёти ҳамкорӣ ва ҷудошавии Барон бо писараш гуфт.

«Барон вақте ки се сол пеш барои ба пойтахт бурдани Абдурозиқ хонаи мо омад, ҳамроҳаш шартнома бастем ва мувофиқи он фоида аз фаъолият 50 ба 50 буд, вале ман намедонам, ки онҳо дар ҳақиқат чанд сомонӣ кор мекарданд», — гуфт падари Абдурозиқ.

Падари Абдурозиқ дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз он як миллион рубли русӣ мо дираме нагирифтем, зеро Барон гуфт, ки пул дар сейфам аст ва ба соҳибаш бармегардонам.

Дар охир ҳамсуҳбати мо дар бобати паёмҳои бешумори корбарони фазои маҷозӣ, ки аксаран бар зидди Абдурозиқ бархостаанд, гуфт, ки ҳоло мардум аз ҳеҷ чиз хабардор нестанд ва хуб мешавад дахолат накунанд.

Ҳамчунин, аз рэпер масъалаи набарди Абдурозиқро бо Хасбулло пурсиданд ва ӯ ҷавоб дод, ки то ҳол қадами ҷиддӣ дар ин бобат аз ягон тараф гузошта нашудааст, балки ҳама оромист ва ҳама овозаҳое, ки гӯё мо ин набардро аллакай фурӯхтем, дурӯғанд.

Ба ҷойи хулоса:

Бӯи ғуломӣ. Набояд ақлкушиву чоҳафканӣ кунем!

Вақте ки матлаб омода мешуд, ҳамкорам Усмон Раҳимзода иброз дошт, ки хулосаи матлабро менависад. Ба ин хотир навиштаи ӯро, ки хулосаи ин матлаб ба шумор меравад, ин ҷо меорем:

Дар симои Абдурозиқи кӯчак набояд “Одина”- и Арбобкамолро дид. Дар симои Абдурозиқи кӯчак набояд ғулому “хиёнаткор”, “ватанфурӯш”, “кидатчик”… ва ҳоказоро дид. Балки дар симои ӯ ифтихор бояд кард, ки бо ин синну соли кӯчак ва ақл ҳунару шуҳраташро фаротар аз Ватан бурд.

Баъд аз шеваи муносибати мо – мардуми тоҷик ба   Абдурозиқ дарк кардам, ки  то кунун бӯйи ғуломӣ аз димоғи мо нарафтааст. Мехоҳем, ки ҳар кадоме ғуломи якдигар бошем.

Дар миён ҳастанд онҳое, ки суханро ба тарозуи ақл баркашида мегӯянд, аммо бархеи дигар даҳони пур аз носу об ва бефаровез ба Абдурозиқ санги маломат мезананд. “Ватанфурӯш”, “кидатчик”, “хиёнаткор”, “номард” ва монанди ин калимаҳо шабакаҳои иҷтимоии моро лабрез кардаанд.

Аҷиб, як тоҷик берун аз ватанаш шуҳрату маҳбубият пайдо кунад, магар бад аст? Рости гап, то ин баҳсҳо на ба Абдурозиқ таваҷҷуҳ доштаму на Баронро ҳамчун репер мешинохтам. Бештари дигарон  низ чун мананд. Вақте ки Барон бо Абдурозиқ пайваст, дар саҳнаи тоҷику берун, ба монанди Маскаву Дубай роҳ пайдо кард, ӯро омма баъд шинохт. Ин ҳам пайи қадами Абдурозиқ буд. Ман ҳам дар ин замон Баронро ҳамчун репери тоҷик шинохтам, на чун мухлис.

Барои ман Абдурозиқ на хеш аст, на ошно ва на дарвеш. Танҳо  як ҳаммеҳан.

 Мегӯянд, ки ба Худододагон ситеза макун, ки ба онҳо Худо додааст. Роҳи Абдурозиқро  низ Парвардгор боз кард, на каси дигар. 

Дуруст, ки Барон барои Абдурозиқ хизмат кард.  Ӯро  аз як рустои дурдаст ба пойтахт овард, барояш барои ворид шудан ба саҳна роҳ боз кард. Инро ҳама медонанд. Аммо Барон инро ба назарам, аз як тараф агар барои савоб карда бошад, аз ҷониби дигар бо мақсади ба даст овардани даромад. Ҳама медонанд, ки дар ютуб, инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон кас хушкухолӣ кор намекунад. Ин ҷо пули калон гардиш мекунад. Барон инро дониста, ба дари Абдурозиқ рафта буд. Зеро  медонист, ки  ӯ соҳибистеъдод аст. Ва метавон тавассути ӯ шуҳратёр гашт.  Агар Абдурозиқ беҳунару беистеъдод мебуд, Барон ҳеҷ гоҳ ба суроғи ӯ намеомад.  Мо бар ин ҳастем, ки ин ду ҳар кадоме  якдигарро дар ин ҷода  пурра кардаанд.

Имрӯз тафаккури шахшуда ва ғуломии мо то андозае расидааст, ки акнун Абдурозиқро чун “Одина” — и Арбобкамол як умр ғуломи Барон -рэпер дидан мехоҳем.  Боз на ғуломи озод, гарданбаста!

Ба наздикӣ суҳбати журналист Гордонро бо писараш Дмитрий тамошо кардам. Писараш ҳамчун бастакор дар Амрикову Аврупо шуҳрат дорад. Ӯ ҳам дар ватани худаш зиндагӣ намекунад, вале ифтихор аз миллати худ мекунад.  Абдурозиқ низ ҳамчун тоҷик, ки дар Дубай ё кадом шаҳри дигар аст, аз Тоҷикистон ифтихор дорад. Мо низ бо ӯ ифтихор дошта бошем. Набояд ақлкушиву чоҳафканӣ кунем!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.