Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Варзишгари тоҷик соҳиби медали тило

Дар мусобиқаи XXV-уми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ дар рӯзи 14-уми декабр дар шаҳри Твери Федератсияи Русия  дар вазни сабук Айём Хабиров  соҳиби медали тило шуд.

Тавре  рӯзноманигор  Хилватшоҳи Маҳмуд рӯзи 15-ми дукабр дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ хабар дод, дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари тоҷик то вазни 57 килограмм ҳунарнамоӣ карда соҳиби ҷои аввал гардид.

Зимнан, Айём зодаи Федератсияи Русия буда, аммо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зери парчами Тоҷикистон баромад мекунад. Мураббии Хабиров устоди дараҷаи байналмилалӣ Рустам Одинев, ки худ зодаи Тоҷикистон аст, дар рушди варзиши тоҷик аз он ҷумла гуштини самбо ва самбои муҳорибави саҳми арзанда дорад.

Сомон Маҳмадбеков низ таълимдидаи мактаби Одинаеву Эргаш Меҳмадбеков ва Фотеҳ Меҳмадбеков мебошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.