Паҳлавонҷавонони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай ширкат меварзанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 20-30-юми август дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 21 муштзани тоҷик, аз ҷумла 2 духтар ширкат меварзанд:
Наврасон:
-46кг – Анушервон Фозилов
-50кг – Руслан Ғафуров
-52кг – Бузургмеҳр Иксанов
-54кг – Ҷаъфар Раҳмонов
-57кг – Шаҳбоз Додоҷонов
-60кг – Анушервон Ақназаров
-63кг – Муҳаммад Ҷаборов
-70кг – Юсуф Фозилов
-75кг – Нурланбек Эрматов
+80кг — Акмалҷон Абдувалиев
-46кг – Фариза Ёқубова
-54кг – Бибиҷон Музаффарова
Ҷавонон:
-48кг – Меъроҷ Зоидов
-51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
-54кг – Искандарбек Рустамов
-57кг – Абубакр Муродов
-60кг – Абдураҳим Ёқубов
-63,5кг – Довуд Маҳкамов
-67кг – Сироҷиддин Ҳоҷибоев
-71кг – Диёр Султонов
-80кг – Дурандеш Зубайдов

Зимнан, бори аввал аст, ки мусобиқа миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як макон баргузор мешавад. Дар он варзишгарони солҳои таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон иштирок мекунанд. Рақобатҳо аз рӯи 48 дараҷаи вазнӣ миёни писарону духтарон сурат мегирад.

Ғолибону­ ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон ба ҷуз аз медал бо мукофоти молӣ сарфароз мешаванд. Ба варзишгароне, ки дар вазни худ миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҷоизаи молӣ ба маблағи 6000 доллари ИМА супурда хоҳад шуд. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллар муқаррар шудааст.

Ба наврасон барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум — 2000 доллар ва ҷойи севум 1000 доллар супурда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *