Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазъи бади бозору асъор. Пешниҳод ба тими иқтисодии Ҳукумат

Таъину ҷобаҷогузории аъзои Ҳукумати Тоҷикистонро ҳар кӣ ба тавру гунаи худ шаҳру тафсир доранд. Теъдоде аз таҳлилгар вазирону раисони кумитаҳои дигарбора ба вазифа таъингаштаро лоиқу арзанда медонанд, афроди дигар бо назари танқид ба чунин таъинот менигаранд. Онҳо бар ин назаранд, ки маҳз ноуҳдабароии кормандаи иқтисодии Ҳукумат аст, ки рушди иқтисодиёт мелангад, иҷрои буҷети давлатӣ таъмин намегардад…

Нақора пеш аз тӯй

Аъзои тими иқтисодии Ҳукумат, ки Сарвари давлат эътимод ба онҳо карда, дигарбора шомили аъзои Ҳукуматашон гардонд, мебояд аз тамоми донишу маҳорату истеъдодашон пурра истифода баранд, то иқтисодиёту иҷтимоиёт муътадил гардад, нархи маҳсулоти бозору мағозаҳо ба танзим дарояд, дар решакан кардани фасоди молиявӣ мусоидат кунанд. Алъон ҳар гуна хулосарониҳою пешгӯиҳо дар самти фаъолияти аъзои нави Ҳукумат, қабл аз тӯй нақора заданро мемонад. Гузашти вақт нишон хоҳад дод, ки аъзои тозатаъини Ҳукумат қодир ба чӣ коранд ва чӣ хидмате ба мардум кардаанду хоҳанд кард.

Воқеан ҳам, тайи чанд сол аст, ки вазъи бозору асъор нигаронкунанда аст ва он гаҳу ногаҳ кисаи дарбеҳгаштаи мардумро такон медиҳад. Ҳарчанд Сарвари давлат борҳо аъзои Ҳукуматро вазифадор карда буданд, ки нархи молу маҳсулот, бахусус қимати маводи хӯрокаро дар бозорҳо таъмин кунанд, аммо тавре имрӯз ба назар мерасад, аҳвол ҳамарӯза дар ин самт бадтар шуда истодаасту беҳтар не. Андак рӯйдоди ҷаҳонӣ омили баланд гаштани нархи маҳсулот дар Тоҷикистон мегардад. Коронавирус баҳонаву омил гашту қурби доллару нархи маҳсулот ба боло дакка хӯрд. Ҳатто кабутифурӯшон низ бо истинод ба болоравии доллар, нархи як бастаи иборат аз се дона гашничу шибитро 70 дирам муқаррар карданд. Шигифтангез он чиз аст, ки баъд аз таъини тими нави Ҳукумат номуътадилӣ дар нархи молу маҳсулоти бозор рӯи кор омад. Сабаб чист? Омили беруна ё бозиҳои теъдоде аз бозингарони пуштипардагии дохилӣ?! Аз ҳамин хотир, теъдоде аз мардум нигарон аз онанд, ки масъулин таъину соҳибвазифа мегарданд ва рӯзгори мардум теъдодеро такон намедиҳад, шикамсер манофеи худро болотар аз манофеи миллат мегузорад, ки чунин амалкард зарбаи ҷонкоҳ мезанад бар камари мардуми камбизоату нодору муҳтоҷ…

Фурсате, ки фаро расид

Мусаллам аст, ки иҷрои аксар дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз вазирону раисони идораву кумитаҳои давлатӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои давлатӣ танҳо ба донишу маҳорат, кордонии эшон мебояд такя кард. Аксар вақт бо дидаи ҳақбин дидаем, ки кадрҳое, ки тариқи ёру ошнобозӣ пешниҳоди Сарвари давлат гардидаанд, билохира чӣ “нафъе” аз онҳо ба ҷомеа расидааст…

Дар ҳафт соли фаъолияти сипаришуда, Ҳукумати кишвар гоҳе бурд дошту гаҳи дигар бохт. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки аз соли 2013 то инҷониб Ҳукумати кишвар то андозае дар рушду пешрафти кишвар қадамҳои устувор гузоштанд. Сарвари давлат, ки бовар карда, дигарбора фаъолияти аъзои Ҳукуматро метавон гуфт тамдид намуд, аз ин рӯ ҳар яки масъулро лозим аст, то хатокориҳову норасоиҳои дар 7 соли пеш пасисаркардаашонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва беҳтару бештар ба нафъи мардум кор кунанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар вазиру вакилу масъули давлатӣ ба мардум кӯҳҳои тиллоӣ ваъда надиҳанд, бо ҳар гуна суханҳои сеҳромез аҳолиро мутеъи худ нагардонанд, зеро бо суханҳои пучу холӣ наметавон шиками мардумро сер гардонд.

Пас, чӣ бояд кард, то дурри мақсуд ба даст ояд? Бале, кадрҳои хубу соҳибдониш ва соҳибтахассусро интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъин мебояд кард.  Масъулине, ки кадрҷӯӣ мекунанду баъдан рӯйхати онҳоро пешниҳоди Пешвои миллат, набояд хизмати хирсона ба Президент кунанд.  На бо чашми МАН, балки бо чашми МО мебояд ба атроф назар кард. Тоҷикистонро ҳама мардуми кишвар, новобаста аз миллату маҳал, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ТОҶИКИСТОН мекунем.  Ба хотири ноил шудан ба мақсад,  тими нави Ҳукуматро лозим аст, то тарҳу нақшаи нави беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум ва ё таъмини зиндагии шоистаи мардумро фароҳам оранд.

Чунин интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар дигар ташкилоту муассисот ва шаҳру навоҳӣ низ сурат мегирад. Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки теъдоде мехоҳанд тариқи ришвадиҳӣ ва ё ёру ошнобозӣ мансабу вазифаи сердаромадро соҳиб шаванд. Бале, аксар аз соҳибмансабҳо қабл аз вазифаеро соҳиб шудан, аввалтар аз ҳама самтҳои фоиданокии мансабро ба риштаи таҳлил мекашанд. Маҳз чунин нияти олуда ба судҷӯӣ баракатро аз байн мебараду мушкилот меофарад…

Ҳукумат вазифадор шуд…

Теъдоде аз руасои шаҳру навоҳӣ танҳо ба хотири шукӯҳу шуҳрати хеш талош меварзанд, то савори аспи мансаб шаванд. Барои ин теъдод манофеи хусусӣ болотар аз ҳама чиз аст, ҳатто ноҳияро ҷавлонгаҳи худ қарор медиҳанд. Корашон  фақат хок бар чашми мардум пошидан асту бас. Аз ин рӯ, хуб мебуд агар дар таъини руасо Сарвари давлат як низоми навро ҷорӣ мекарданд, зеро масъулини шаҳру навоҳӣ ва вилоёт намоянда ва чашму гӯшу ҳуши Ҳукуматанд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукуматро вазифадор намуданд, то дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд.

Агар ин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро аз вазир то вакилу масъулини шаҳру навоҳӣ татбиқу амалӣ гардонанд, он гоҳ метавон умед баст, ки андаке ҳам бошад, зиндагии шоистаи мардум таъмин хоҳад гашт. Ҳар соҳибмансабе, ки курсии нарму мулоимро соҳиб гашта, аз номи мардум меболаду ҳама ҳастиаш ҳам маҳз аз мавҷудияти мардум аст, аз аспи ғурур поин шаванд, ҳамқадам бо Пешво гарданд ва заррае ҳам бошад, ба нафъи миллат кор кунанд.  Он гоҳ метавон онҳоро ҳамчун пайравони ростини Пешвои миллат ном бурд. В-гар не, пас ҳеҷанд, ҳубобчаҳои рӯи обанду бас!!

Муҳиддин ИДИЗОДА,

махсус барои

 “Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj