Вазъи обу ҳаво барои имрӯзу пагоҳ

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон имрӯз, 27 март дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 17 дараҷа ва шабона 6- 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон пагоҳ, 28 март дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 19-22 дараҷа, шабона 9-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво рӯзона 18-23 дараҷа, шабона 10-13 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳаво рӯзона 15-20 дараҷа, шабона 8-11 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ ҳаво рӯзона 5-9 дараҷа гарм ва шабона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 9-12 дараҷа ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *