Вазъи обу ҳавои кишвар

 Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик  дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре аз агентии  мазкур хабар доданд, то 18 сентябр  дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, эҳтимоли вазидани шамоли шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  боридани барфу борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб рӯзона 25-30, дар шарқ  рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда, ҳаво 33- 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *