Вазъи Роналдинйо дар зиндон бад аст

Собиқ футболбози тими миллии Парагвай Нелсон Куевас дар бораи ҳолати собиқ бозингари дастони бразили Роналдинйо ҳарф зада, ҳолати кунуниашро бад арзёби кард. Дар ин бора “ТВ Варзиш” хабар медиҳад.

“Роналдинйо тамоман ҳолати хуб надорад. Вай ҳамеша бо табассум, энергияи мусбӣ ва тарзи ҳаёт фарқ мекунад. Аммо ҳоло, бо назардошти вазъи кунунии худ, ин табассум чеҳраи ӯро тарк кардааст, зеро вай дар зиндон аст — ҷое, ки ӯ одат накардааст.” Гуфта мешавад, ки Роналдинйо ва бародари ӯ Роберто дар фурӯдгоҳи Асунсион бо шиносномаҳои қалбакӣ дастгир гардиданд ва рӯзи 5-уми март прокурори генералии Парагвай барои ҳабси онҳо қарор қабул намуд, аммо рӯзи дигар футболбози собиқ аз ҳабс озод карда шуд. Вале бо гузораи чанд соат, Роналдинйо бо дархости прокурори генералӣ боз дастгир гардид. Баъдтар суди Парагвай қарор баровард, ки ҳабси Роналдинйо ба мӯҳлати 6 моҳ дароз карда шавад. Қаблан дар интернет аввалин акси Роналдинйо дар зиндон пайдо шуда буд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки футболбоз интиқол ба ҳабси хонагиро бо гарав рад кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *