Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазир: Аз ташхис гузаштани навхонадорон комилан ройгон аст

Салом. Чуноне мо иттилоъ дорем аз ташхис гузаштани навхонадорон яъне домодшавандаю арусшавандаро Хукумат ройгон муайян кардааст. Аз чи сабаб бошад дар Панчакент барои аз ташхис гузаштан 300сомон масраф мешавад?

Албатта аз назорати пурраи тиббӣ гузаштани навхонадорон дар саросари ҷумҳурӣ комилан ройгон гузаронида мешавад. Ҳеҷ духтуре ҳаққи талаб намудани маблағро надорад. Ногуфта намонад, ки баъзан худи навхонадорон ё ақрабои онҳо барои гирифтани ҳуҷҷат ва нагузаштан аз муоина ба духтурон маблағ медиҳанд, ки ин комилан ғайри қонунӣ аст.  Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки гузаштан аз муоинаи пурраи тиббӣ қабл аз никоҳ ба манфиати худи онҳост.

 Агар ҳангоми аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон касе ба тамаъҷӯии духтурон дучор шавад ва ё умумн ягон ҳолати қонунвайронкуниро мушоҳида кунад метавонад ба Хадамоти фаъолияти тиббӣ бо рақамҳои : 44 600 65 06, 44 600 65 07 ва 44 600 65 08

Идомаи гуфтугӯи мустақим бо вазири тандурустӣ Олим Насим Хоҷаро дар шумораи ояндаи ҳавтаномат “Тоҷикистон”  метавонед мутолеа кунед

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Патриот 30.10.2017 14:29

    На факат дар Панчакент, балки дар тамоми Точикистон барои чунин ташхисхо духтурон пул талаб мекунанд. Ва маблаги кам хам не! Сабаб дар чист? Дар надонистани конун ва хукукхоямон. Вазорати тандурусти ин масъаларо зери назорати катъии худ карор дихад! Хохиш мекунам!

  2. Бахтовар 01.01.2020 00:55

    Салом ба вазири тандурусти точикистон. Савол! Барои чи хамаи беморхонахои давлати пулаки шудааст. Магар точикистон шахрванди худро табобат ва химоя карда наметавонад ?? Халк бе пул дар ягон чо кор намекунад аз кучо пул еваду дихад??? Ба нохияи гончи хозираш нохияи деваштича як бенид и врачои тпойе чи кор доранд огула хонда сари моба калон шудаги бесаводая як тафтиш кунед илтимос хамин нохияи деваштича Врачу хамешерахо хама саганд дар ин чо

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.