Вазири мудофиаи Русия ба Душанбе меояд

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия имрӯз, 28 май бо як сафари корӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия имрӯз, 28 май бо як сафари корӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Россиян Марковский, сухангӯи Вазорати мудофиаи Русия дар ин бора хабар додааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки вазири мудофиаи Русия бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ин ду кишвар, модерсозии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро муҳокима мекунад.

Ҳамчунин, дар назар аст, Сергей Шойгу бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *