Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав рафт

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии 71-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Дар пойтахти Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон бо як зумра ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ дар назар аст.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии Иттиҳод ширкат меварзанд.
Дар ҷаласа 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуда, аз фаъолияти муштарки ин ниҳодҳо дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли ояндаи ҷашнӣ тарҳрезӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *