Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазири тандурустӣ: Ягон духтур дар вақти табобати гирифторони коронавирус бемор нашудааст

Имрӯз дар толори Вазорати тандурустӣ нишасти матбуотии вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир шуд. Чун даврваи пурҳассоси пандимеяи коронавирус дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон паси сар мешавад,ин нишаст таваҷҷуҳи зиёди хабарнигоронро ба худ ҷалб карда буд.

Дар нишаст,ки тақрибан 33 дақиқаи онро ҳисоботи нимсолаи вазир дарбар гирифт, асосан сухан доир ба вазъи паҳншаваии коронавирус дар кишвар ва суръати паҳншавию сатҳи фавти беморон аз ин беморӣ гуфтугӯ ба миён омад. Аз ҷумла, вазир кори табибони тоҷикро дар мубориза бо коронавирус хеле муваффақона баҳогузорӣ намуда, ба саволи хабарнигор дар бораи фавти табибон аз КОВИД-19 арз намуд,ки “табибон низ мисли дигарон одаманд ва метавонанд дар ҳар куҷое бошанд, ба ин беморӣ гирифтор шаванд, Аммо бевосита дар вақти нигоҳубини беморони гирифтори коронавирус ягон табиб бемор нашудааст ва мо чунин маълумот надорем”.

Вазир ҳамчунин таъкид намуд,ки дар Тоҷикистон фоизи фавти гирифторони КОВИД-19 нисбат ба дигар кишварҳо хеле кам аст ва сиҳатшавии чунин беморон аз шумораи умумии гирифторон 81,6 фоизро ташкил медиҳад.Ҳамчунин, Абдуллозода изҳор дошт,ки айни замон гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҷумуҳурӣ ба эътидол омада, мавҷи дуюми афзоиши онро касе пешгуи карда наметавонад. Аммо бисёре аз суолҳои хабарнигорон беҷавоб монд.Аз ҷумла, ба саволи бори аввал аз куҷо омадани ин беморӣ ба кишвар ва гирифторон авалин он аз кадом минтақа буданд, ҷавоби қаноатбахш пайдо нашуд.

Саволҳои муҳим ва ҷавоби онҳоро аз ҷониби вазир Ҷамолиддин Абдуллозода дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.