Вазорат диаспораҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф менамояд

Ширин Амонзода дар мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷик таъкид намуд, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, хуб ба роҳ монда аст ва мақомот, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф менамояд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Дар аввал Вазир ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карду қайд намуд, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.

Вазир зимни суҳбат зикр кард, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ хуб ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.

Манбаъ илова кардааст, ки дар ин дидор ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон супорида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *