Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорат: Литсей карантин нашудааст

Чанд дақиқа пеш сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсони Хушбахт хабар дод, ки хабари карантин шудани литсейи №1-и пойтахт асос надорад ва хонандагон дарс хонда истодаанд.

Эҳсони Хушбахт навиштааст: “Ба таваҷҷуҳи онҳое, ки ҳангома сохтанро дӯст медоранд! Дирӯз баъд аз нашри маводи «Радиои Озодӣ» навиштам, ки дарс дар литсейи №1-и шаҳри Душанбе дар як баст сурат мегирад (баъд аз нисфирӯзӣ дарс нест дар муассиса) ва пагоҳ дарсҳо тибқи ҷадвал идома меёбанд. Он ки бо баҳонаи фавти омӯзгор литсейро карантин карданду гӯё хонандагонро аз дарсҳо ҷавоб доданд, асос надорад. Аммо аксарият бовар накарданд, чун ҳама воҳимазада шудаанд!”

Ин вокуниши Вазорат аз хабари Радиои Озодӣ аст, ки дар он гуфта шуда буд: “Хуршед Каримов, муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар Литсейи рақами 1-и пойтахт баъди ду ҳафтаи беморӣ субҳи 22-юми апрел фавтидааст. Дар ҳамин рӯз, баъди эълони марги ӯ, дарсҳоро фавран қатъ карда ва ба волидони муҳассилин гуфтаанд, ки омада, фарзандонашонро баранд”.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.