Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорат омори тозаи КОВИД-19-ро нашр намуд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 1 октябр ба 9811 нафар расид.

То имрӯз дар мамлакат 8617 нафар ё худ 87,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 77 нафар фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 71 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.