Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорати кишоварзӣ сабаби болоравии нархи тухмро шарҳ дод

Вазорати кишоварзӣ яке аз сабабҳои боло рафтани нархи тухмро дар гарон будани арзиши хӯроки омехтаи парранда марбут медонад. Он аз хориҷи кишвар ворид шуда, таъсири худро ба нархи тухм мегузорад.

Дар ин бора Музаффар Мирзозода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар як нома ба мақолаи интиқодии муаллифи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj таҳти унвони «Тухмҳои тиллоӣ. Маошу нафақа 15, нархи маҳсулот 30% боло рафт» посух гуфт.

Ба навиштаи Музаффар Мирзозода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, хӯроки омехтаи паранда ва қисмҳои таркибии он, аз ҷумла гандум, ҷуворимакка, кунҷораи лӯбиёгӣ ва офтобпараст асосан аз хориҷи кишвар ( Қазоқистон) ворид карда мешавад. «Сабаби дигари баландшавии нарх вобаста ба маҳдудиятҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар давлатҳои ҳамсоя мебошад. Вазорат дар доираи имкониятҳои худ барои ба эътидол овардани нархи тухм аз санаи 21-уми октябр то инҷониб дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат» ва «Қарияи Боло» ярмарка-фурӯши маҳсулоти паранда, аз ҷумла, тухмро ташкил намуда, ҳамарӯза корхонаҳои парандапарварӣ 50-55 ҳазор дона тухмро бо нархи 0,80 сомонӣ ба фурӯш бароварда истодаанд», -мегӯяд М. Мирзода.

Ҳоло баландшавии нархи тухм, аз ҷониби масъулини вазорати кишоварзӣ таҳлил гардида, 20-уми октябр соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол гардидаааст. Пешниҳод шудааст, ки ҷиҳати ба танзим даровардани нархи тухм ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шавад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 170 адад корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46 адад зиёд мебошад. Асосон корхонаҳои «Ганҷи Ҳилол»-и Файзобод, «Чӯҷаи зарин», «Парандапарварии Хуҷанд», «Парандапарваии Масчоҳ» ва «Тарз»-и шаҳри Ваҳдат бозори кишварро бо тухми мурғ таъмин мекунанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj