Вазорати корҳои хориҷӣ: Аз сафар ба Қазоқистону Ӯзбекистон худдорӣ намоед!

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон муроҷиатнома ироа кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) маҳдудияти ворид шудан ба ин ду кишвар ҷорӣ гардид. Вазорати мазкур тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ ҳоло худдорӣ намоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15. Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929 E-mail: [email protected] Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16. Тел: 8107 (3272) 69 70 59 E-mail: [email protected] Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Каххор, 61. Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13 E-mail: [email protected]Конец перепискиВведите сообщение…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *