Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорати тандурустӣ омори охирини сироятёби аз коронавирусро гуфт

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир 13 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки рӯзи 21 июн 17 нафар, рӯзи 22 июн 15 нафар, рӯзи 23 июн 18 нафар  ва рӯзи 24 июн 13 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки пас аз пайдо шудани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ билохира рӯзи 21 июн  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 24 июни соли 2021 дар кишвар 13 371 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.