Вексел барои Роғун. 530 миллион дар 5 сол

Парлумони кишвар пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи баровардани қоғазҳои қиматнок ё вексел қабул кард. Акнун Вазорати молияи Тоҷикистон  ба маблағи 530 миллион сомонӣ коғазҳои қиматнокро ба фурӯш мебарорад.

Ин маблағ  барои панҷ сол пешбинӣ шуда, барои сохтомони НБО-и «Роғун» равона мегардад.  Коғазҳои  қиматноке, ки ба муомилот бароварда мешаванд, меъёри он 2%-и солонаро ташкил медиҳад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон 21 апрел дар назди вакилони парлумон иброз дошт, ки коғазҳои қиматноки ба муомилот баровардашуда, тибқи шартнома ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» супорида шуда, минбаъд ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» векселҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон мегузаронад.  Дар навбати худ Бонки миллӣ векселҳоро қабул карда, 530 миллион сомониро ба суратҳисоби алоҳидаи ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» мегузаронад. Дар ҳолати ризоят додан нисбат ба қарори мазкур Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» нақшаи чорабиниҳоро оид ба маблағгузории ин соҳа ва бозгардонидани маблағҳои ҷудошуда таҳия менамоянд.

Векселҳоро  Ҳукумат кафолат медиҳад ва амалӣ шудани онро Вазорати молия бо Бонки миллӣ ба зимма мегиранд.  Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи оид ба иқтисод ва молия Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди  истифодаи векселҳо гуфт, ки   «Вазорати молия баъди нашр, ин векселҳоро ба неругоҳи  «Роғун» пешниҳод мекунад ва «Роғун» онро ба Бонки миллӣ интиқол медиҳад. Бонки миллӣ дар асоси ин коғазҳо барои неругоҳи «Роғун» маблағ ҷудо мекунад ва дар асл Вазорати молия дар назди бонк қарздор мешавад ва дар муҳлатҳои муайяншуда, ин маблағ аз тарафи Вазорати молия ба Бонки миллӣ пардохта мешавад. Азбаски саҳмияҳо ба Ҳукумат тааллуқ доранд, Вазорати молия аз ҷониби Ҳукумати кишвар баромад намуда, бо ҳамин роҳ неругоҳи «Роғун»-ро маблағгузорӣ мекунанд».

 Тоҷикистон пайваста барои сохтмони неругоҳи «Роғун» талош меварзад, то ин ки он ҳар чӣ зудтар мавриди истифода қарор гирад ва мушкилоти аҳолӣ аз норасоии неруи барқ коҳиш ёбад. Аз ин ҷиҳат  таҳлилгарон баровардани векселҳоро ба манфиат медонанд, зеро он метавонад мусоидат ба суръати кор дар неругоҳи «Роғун»  гардад.  Қаблан низ Тоҷикистон  барои нерӯгоҳи «Роғун» маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Тамоми қишрҳои ҷомеа дар маъракаи  фурӯши саҳмияҳои «Роғун» фаълона ширкат намуданд. Ин  маърака ,  ки  соли 2009 сурат гирифт, сокинони мамлакат 900 миллион сомонӣ  саҳмия хариданд.  Маблағ дар бонкҳои давлатии Тоҷикистон нигоҳдорӣ шуда, қисм-қисм барои анҷоми корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» сарф мешавад. Баъди гузаронидани як тендери байналмилалӣ ширкати итолиёвии  «Салини Импреҷило» онро бурид ва корҳои сохтмонии неругоҳро ин ширкат ба зимма  дорад. Фаъол гардидани агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аввалҳои соли 2018 пешбинӣ шудааст.  Коршиносони соҳаи энергетикии кишвар неругоҳи  «Роғун»-ро аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ медонанд. Баъди бунёди ин иншоот Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.

Маълумотномаи «Тоҷикистон»

 Вексел як намуди коғази қиматнок ё шаҳодатномаееро ном мебаранд. Он дорои гувоҳ ё дастури хаттии векселдиҳанда буда, дар хусуси ба соҳиби он дар муҳлати муқарраршуда додани миқдори муайяни пул ё аз рӯи уҳдадорӣ пардохти онро  мефаҳмонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *