Виагра марди пирро ҷавон мекунад ё мекушад?

Салом ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Тоҷикистон”. Саволе дорам, ки аз гуфтанаш шарм медорам, вале ҳодисае, ки ба сари оилаи мо омад, маро водор сохтааст ба шумо муроҷиат намоям.

Тағои 60-солаам баъди марги ҳамсараш дубора зани ҷавон гирифт. Аз оиладорияш чанд моҳ гузашта буд, ки рӯзе фишораш баланд шуда, баъди он ба бистари беморӣ мехкӯб гардид. Баъдан дарак ёфтем, ки тағои пирам барои зиёд намудани рағбати ҷинсӣ дорувории «Виагра» истеъмол мекардааст. Ҳозир тағоям аз ҷояш хеста, ҳатто дар даст пиёларо дошта наметавонад. Донистан мехоҳам, ки истеъмоли дорувории «виагра» ба мардони аз 60 -сола боло чӣ паёмад дорад?

Д.Б., н. Ҳамадонӣ

Ба ин саволҳо Ҷамшед Ризоев, табиб ва уролог-андрологи шинохта посух медиҳад.

-Шумо ҳамчун табиб ба саволи хонандаи мо чӣ гуна ҷавоб дода метавонед?

-Бояд бигӯям, ки виагра марди пирро ҷавон карда наметавонад, Виагра, яъне селдинофил ба гурӯҳи моддаҳои рағбатзоҳо дохил мешавад ва онҳо ба фишори хун вобастагии зич доранд. Истеъмоли он фишори хунро баланд мекунад. Агар марди солхӯрда фишорбаландӣ дошта бошад, истеъмоли чунин дорувориҳо тамоман мумкин нест. Барои мардоне, ки бемории рӯдаву меъда доранд, ҳамчунин истеъмоли ин доруворӣ манъ аст.

-Агар мард фишорбаландӣ надошта бошад чӣ?

-Нафаре, ки дорои бемории фишорбаландӣ ва меъда набошад, метавонад аз ин доруворӣ истифода барад, вале дар сурати аз меъёр зиёд истеъмол намудани он ранги рӯяш сурх шуда, гирифтори фишорбаландӣ мегардад. Бо вуҷуди аз саломатӣ шикоят надоштан меъёрро риоя кардан лозим аст.

-Айни замон аксарияти ҷавонону мардони миёнасол барои зиёд кардани рағбати ҷинсӣ аз дорувориҳои селдинофил, тадалафил, эпимедиумная паста ва доруҳои аз гиёҳҳо омодашударо истеъмол менамоянд. Мегӯянд, ки дорувориҳои номбаршуда мардро безурриёт мекунанд?

-Дорувориҳои номбаршуда мардро безурриёт намекунанд. Лекин барои организми ҷавонон метавонад одат шавад. Аз ин рӯ, қабл аз истеъмоли он ҳатман бо табиб маслиҳат кардан лозим аст. Баъд аз ташхисҳои лозима табиб вазъи саломатии мардро дида, тавсияи дуруст дода метавонад.

-Оё виагра сабаби марги инсон гашта метавонад?

-Фавти инсон баъд аз истеъмоли виагра дар сурате имконпазир аст, ки мард ба ҷисми худ фишори барзиёд оварда бошад. Аслан муносибати маҳрамона барои ҷисм баробари стресс аст ва дар рафти он ба кори рагҳои хунгарди дил, роҳи нафас, мушакҳо ва асаб таъсири сахт мерасад. Агар инсон саломатии хуб надошта бошад, пас истеъмоли виагра тавсия дода намешавад.

Б. Сафаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *