Вируси марговар ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҷаҳон чӣ таъсир расонд?

Коронавируси марговар ба иқтисодиёти Чин зарбаи сахт расонд. Ҳоло ҷаҳон аз ин вирус ба ташвиш омада, зери хатар қарор дорад. Пӯшида нест, ки Чин яке аз кишварҳои калидӣ ва  бозингари асосӣ дар  бозори минтақа ҳисобида мешавад. Пайваста Чин талош меварзад, ки нуфузашро дар бозори ҷаҳонӣ боло барад. Тоҷикистон низ аз ин хатарҳо дар канор нест, зеро кишвари мо чанд соли охир такя ба Чин мекунад ва ин кишварро яке  аз шарикони иқтисодӣ медонад.

Хурӯҷи вирус ва нигаронии СҶТ

Ба андешаи таҳлилгарон, коронавирусе, ки имрӯз дар музофоти  Вухани Чин паҳн шуд,  таъсири сахт ба иқтисодиёти ин кишвар расонд. Ҳоло дар ин музофот камчинии маҳсулоти ғизоӣ ва гарон будани нарх мушоҳида мешавад. Дари аксарияти марказҳои савдову хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ  бастаю ба аҳолӣ, ки иҷозаи ба кӯчаҳо баромадан нест, танҳо тавассути волонтёрҳо ғизо тақсим мешавад. Имрӯз шаҳри Вухан, ки наздики 11 миллион аҳолӣ дорад, ба як водии хомӯшон табдил ёфтааст. Ин минтақа зери корантин қарор дорад. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ин ҷо қарор доранд, ба таври таъҷилӣ тавассути намояндагони корпусҳои дипломатии худ ба кишварашон фирор доранд. Аз ҷумла, Русия, Ӯзбекистон ва ахиран Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз ин музофот берун бароварданд.Аммо мушкилот дар он аст, ки ҳудуди паҳншавии ин вирус дар минтақаи осебпазир ба мушоҳида мерасад.

Созмони ҷаҳонии тандурустиро имкони хурӯҷи вирус дар кишварҳои соҳаи тандурустиашон то ҳол рушднаёфта бештар нигарон кардааст. Ин созмон зимни ҷаласаи кумитаи фавқулода хурӯҷи коронавируси навро ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф кард. Зеро он таъсир ё  фарогири байналмилалӣ дорад.

“Бинобар сабаби хурӯҷи глобалии коронавирус дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон мекунам”, — навиштааст сарвари кулли СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.

Ӯ шарҳ дод, ки сабаби қабули чунин қарор на дар паҳншавии вирус дар Чин, балки дар дигар кишвар ба қайд гирифтани он ифода меёбад.

 Нашрияи “Коммерсанть” хабар медиҳад, ки  Созмонро имкони хурӯҷи вирус дар кишварҳои соҳаи тандурустиашон то ҳол рушднаёфта бештар нигарон мекунад. Аммо бештари  қурбониёни вирус  ва  ҳодисаҳои фавт дар Чин рух дода  истодаанд.

Бозгашти  тоҷикистониён аз Вухан

Субҳи 11-ум январ тавассути Ширкати “Сомон Эйр” 46 шаҳрванди Тоҷикистон, аз шаҳри Вухани Чин, ки маркази пайдоиши коронавирус унвон мешавад, ба Ватан оварда шуданд. Ҳавопаймо на дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, балки дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» фуруд омад.  Аз ин  54 нафаре, ки  вориди Тоҷикистон гардиданд, 45 нафарашон донишҷӯён будаанд. Онҳо дар мавзеи Харангони Варзоб, ки  он карантин эълон шудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки  аз Вухан  баргардонида шуданд, ду гурӯҳи табибон қабул намудаанд ва онҳо муддати  ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Ҳавопайои мазкур, инчунин, ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ буд, ки дар Вухан аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида шуд.

Тақдири ширкатҳои бонуфуз дар Чин

Ухан яке аз марказҳои асосии санотӣ ва  истеҳсоли мошинҳои сабукрав ба ҳисоб меравад. Мисол, ин ҷо корхонаи General Motors  ва  SAIC якҷоя фаъолият доранд. Ба андешаи таҳлилгарони риштаи иқтисод, баъд аз  хурӯҷи коронавирус  ҷомеаи ҷаҳонро ваҳм пахш кард, бархе давлатҳо сарҳади худро бо Чин муваққатан бастаанд. Албатта, ин ба коҳиши тиҷорати автомобил ва дигар техникаҳои маишии  Чин таъсири бад расонд. Талабот ба хариди молу колои истеҳсоли чинӣ коҳиш ёфт. Коршиносони ҷаҳонӣ мегӯянд, ки айни замон дар натиҷаи коронавирус иқтисоди Чин миллиардҳо доллар зарар дидааст. Аммо дар оянда метавонад, ки ин зарар боз  афзоиш ёбад. Зеро Чин дар баробари истеҳсолгари  калидӣ дар минтақа, инчунин, кишвари сайёҳӣ дониста мешавад. Ҳамасола сайёҳони зиёде ба  минтақаҳои Чин баҳри тамошо меоянд ва меҳмонхонаву марказҳои дилхушӣ, тарабхонаҳо фоидаи калон ба даст меоранд. Коронавирус на танҳо ба иқтисоди Чин, балки ба сармоягузорон низ бетаъсир намонд. Ширкати “Apple”, ки баъд аз “Google” дар ҷаҳон  дуюмин бойтарин маҳсуб мешавад, дар минтақаи осебдидаи Ухан  наздики 10 000 коргар дошт, то чанд муддат фаъолияти худро қатъ карда, дари худро ба рӯи муштариён баст. Ширкати амрикоии “Levi Strauss & Co” бошад, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар Ухан филиали худро боз карда буд, он низ карантин эълон карда, муваққатан фаъолияташро қатъ кард.  Ҳоло мавҷи фирори тоҷирону сармоягузорон  аз   минтақаи осебпазири Ухан мушоҳида мешавад.

Коронавирус ба бозори Тоҷикистон таъсир расонд

Ҳоло иқтисодиёти Тоҷикистон як навъ пойбанди иқтисоди Чин арзёбӣ мешавад. Имрӯз  дар  кишвар сармоягузрони зиёди чинӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.   Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Аброр Мирсаидов мегӯяд, ки вабои коронавирус ба Тоҷикистон, аз ҷумла коҳиши сармоягузорон таъсир мегузорад. Фаъолияти онҳо то андозае суст ва иқтидори истеҳсолиашон кам мешавад. “Инсон барангезандаи ҳам сармоя ва ҳам тиҷорат аст. Вақте ки гардиши инсон ва соҳибкор миёни давлатҳо кам мешавад, ин зарба ба иқтисодиёт меорад. Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои ОМ бо Чин ҳамкории хуби тиҷоратӣ доранд. Баъди ин ҳодисаи марговар иқтисодиёташон зарба мебинад. Имрӯз ин вирус ба  як  буҳрони иқтисодӣ табдил ёфта истодааст.  Баъди маҳдудият дар рафтуомади шаҳрвандон, аллакай нархи молу колое, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад, каме афзоиш ёфтааст. Чунки маҳсулот ба бозори дохилии мо аксаран аз Чин ворид мешавад. Захира надорем, бинобар ин нарх боло меравад. Ин ҳам як падидаи буҳронӣ аст”.

Феълан гирифторони коронавирус дар Фаронса, Италия, Олмон, Амрико, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия 31 январ ду шаҳрванди Чин бо вируси тоҷдор, яъне коронавирус  ба қайд гирифта шуд.  То ҳол шумораи фавтидагон аз бемории  коронавирус дар Чин ба 1011 нафар расид. Теъдоди умумии мубталоён ба беморӣ дар Чин аз марзи 42 ҳазор убур кардааст,  ки бештар аз 75 дарсади онҳо дар дохили вилояти Ҳубей мебошанд.Шаҳри Вухон пойтахти ин вилоят мебошад.

Айни замон дар Тоҷикистон вируси марговари коронавурус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо мақомоти дахлдор  сокинонро ҳушдор медиҳанд, ба ҳар ҳолат эҳтиёткор бошанду дар сурати пайдо шудани аломатҳои он, аз қабили таби баланд, дарунравӣ, чарх задани сар, атсазании бардавом ва бемадорӣ   ба табибон муроҷиат намоянд.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *