Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вирусологҳои Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд

Тибқи иттилои дарёфтаи Pressa.tj, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 8 нафар вирусологҳо ворид шудаанд. Онҳо мутахассисони ҳирфаӣ буда, дар паҳлӯи ҳамкасбони тоҷикашон, дар табобати беморони сироятии коронавирус ва пешгирӣ аз он саҳм мегузоранд.

Сафари ҳайати табибони  ҳамсоякишвар дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Аз рӯи маълумоти дарёфтӣ, ҷониби Чин низ тариқи сарҳад ба Тоҷикистон 50 ҳазор тест ва 1 ҳазор  ҳароратсанҷи фосилавӣ интиқол додааст.

Ёдрас мешавем, ки  7 май дар Тоҷикистон 82 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон ба 461 нафар расид. Ҳамзамон, давоми шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати фавт сабт гардида, дар умум 12 нафар беморони гирифтори ин навъи нави коронавирус даргузаштанд.

Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ба ҳолати имрӯз, 7 май  дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Инчунин, давоми шабонарӯзи охир 345  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Фируз 08.05.2020 07:58

    Аз Хукуматдорон хохиш мекунем, ки талаботи пурраи берун шудан аз ин ваборо ба мардум таьмин намоед (яьне кормандони сохаи маориф)-ро барои мухофизати вазьи саломатияшон ба коронтин (отпуск) равон кунед.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.