Витамин дар зимистон. Лимӯ, карам ва тухм — кафили саломатӣ

Азбаски дар фасли зимистон меваву сабзиҷоти тарутозаро дастрас кардан кори душвор аст, маҳз дар ҳамин шабу рӯз ҷисми инсон аз норасоии витаминҳо азият мекашад. Аз ҳамин сабаб саломатӣ бад шуда, мо ба пурхӯрӣ роҳ медиҳем. Зеро ҷисми инсон барои дастрас намудани моддаҳои даркорӣ ҳатто аз хӯроки бе витамин низ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҳамин ҷо сар мезанад рӯҳафтодагӣ ва инсон бештар ба гирдоби яъсу ноумедӣ ғӯтавар мегардад.

Оқибати норасоии витаминҳо

Норасоии витаминҳо ба сурат ва саломатии инсон таъсири сахт мерасонад. Хусусан мӯйҳо ҷилои худро гум карда, берангу заиф, нохунҳо зудшикан, пӯст хушку пур аз нарак мегардад. Илова бар ин, ранги пӯст коҳида, пажмурдаву халта мезанад. Дар ҳолати норасоии витаминҳо нури чашм хира ва таги чашмон сиёҳ мешаванд. Вақте дар ҷисм норасоии калсий эҳсос карда мешавад, бо мурури вақт устухонҳо ҳам бе ҷон мешаванд.

Дар зимистон чӣ бояд хӯрд?

Дар рӯзҳои сарди зимистон ҳатман витамини А-ро истеъмол кардан лозим аст. Бар замми он ки витамини А нури чашмро ҳифз менамояд, боз хусусияти зиддиилтиҳобӣ дошта, муқовимати ҷисмро нисбати вирусу бактерияҳо пурзӯр месозад. Миқдори кофии витамини А масунияти баданро баланд бардошта, ҳолати инсонро ба эътидол меорад ва неру мебахшад. Ҳангоми истеъмол намудани помидор, марҷумак (гречневая крупа), гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм дар фасли зимистон ҳолати пӯст беҳтар мегардад. Ин маҳсулот ҷигарро низ тақвият мебахшад.

Нишонаҳои норасоии витамини А халалёбии хоб, рагкашӣ, дарди мушакҳо ва калон шудани гавҳараки чашм мебошад.

Боз як элементи муҳими зимистона витамини С мебошад, ки ҳолати масуниятро муътадил нигоҳ медорад. Дар сурати норасоии витамини мазкур инсон хоболуд, камқувват ва паст шудани масуниятро эҳсос мекунад. Ҳамзамон хастагӣ, заифӣ, рӯҳафтодагӣ, дарди буғумҳо ва ҳатто хунравии вораҳо бо сабаби кам будани витамини мазкур сар зада метавонад.

Барои пур кардани витамини мазкур бештар смородинаи сиёҳ, карам, хуч (шиповник) ва лимӯ истеъмол кардан лозим аст.

Боз як витамини барои ҷисм муҳим дар фасли зимистон витамини D мебошад. Витамини мазкур барои мустаҳкамии устухон ва дандонҳо муҳим аст. Зимнан дар фаслҳои сарди сол одамон бештар ба ин витамин ниёз доранд, зеро хеле кам ба дидани нурҳои офтоб мушарраф мегарданд.

Барои рафъи мушкилоти мазкур ба хӯроки худ бештар моҳиҳои навъи равғанин, тухм, равғани растанӣ ва маска, маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти турши ширӣ илова кунед.

Витамини Е-ро дар илми тиб витамини зебоӣ мешуморанд ва он барои мубориза бурдан бо стресс лозим аст. Бо шарофати витамини мазкур мағзи сар аз оксиген шодоб гардида, асабҳо мустаҳкам ва ақл равшан мегардад. Миқдори бештари витамини Е-ро аз таркиби карами брокколи, тухм, сабзӣ ва ҷигар дастрас карда метавонед.

Дар фасли зимистон витамини гурӯҳи В-ро фаромӯш насозед. Витамини мазкур мубодилаи карбогидратро ба эътидол оварда, асабро тақвият мебахшад ва рӯҳафтодагиро пешгирӣ менамояд. Барои солимии асаб аҳамияти хоса дошта, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

Норасоии витамини мазкурро аз бад шудани ҳолати пӯст, обравии чашмон ва кафидани лабҳо фаҳмидан мумкин аст. Барои рафъи чунин камбудиҳо бештар марҷумак (гречка), нахӯд, чормағз, лаблабу ва ҷигар истеъмол бояд кард.

Ҳамзамон захира кардани витамини Р-ро фаромӯш насозед. Бо шарофати витамини мазкур рагҳо бақувват, гардиши хун беҳтар ва дил солим мегардад. Сарчашмаи моддаи мазкур карам, хуч, ангур ва ғайраҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *