Виза барои муҳоҷирон. Оё Путин пешниҳоди Мироновро дастгирӣ мекунад?

Сергей Миронов, роҳбари ҳизби «Справедливая Россия» ва вакили Думаи давлатии Русия рӯзи 14 август хостори ҷорӣ кардани режими виза бо кишварҳои Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон шуд. Ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ солҳост дар меҳвари баҳсу мунозираҳо қарор дорад.

Русофобия ОМ

Сергей Миронов ҳамчунин, дар баромади ахири худ дар мавриди зурурати густариши ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавсеа бахшидани омӯзиши забони русӣ дар ин кишварҳо ҳарф зад.    

Вакили Русия қайд кард, ки дастгирии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мисоли стратегияи сиёсати босалоҳияти хориҷӣ мебошад.

Миронов илова намуд, ки омӯзиши забони русӣ ва ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ барои ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судманди кишварҳоро тавсеа медиҳад.

«Таъсири фарҳангии Русия ба ҷавонони давлатҳои Иттифоқ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Вазъият бояд ба таври куллӣ тағйир дода шавад.»

Миронов илова намуд, ки агар мо ба ин ҷанба эътибор надиҳем, дар оянда Русия метавонад бо мавҷи русофобия дар байни ҷавонони хориҷӣ дучор ояд.

Вале дар баробари ин Миронов пешниҳоде кард, ки на танҳо ба манфиати Русия нест, балки ба миллионҳо сокини Осиёи Марказӣ мушкилоти сангин пеш меорад.

Виза ба хотири тартибот

Сергей Мирoнов пешниҳод кард, ки барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ шавад. Ин талаби худро ӯ ба хотири ҷорӣ кардани тартибот арзёбӣ намуд.

«Барои он ки дар дохили кишвар тартибот ҷорӣ шавад, бояд аввал дар марзҳо тартибот ҷорӣ кунем. Пеш аз ҳама, бояд бо кишварҳои Осиёи Миёна виза ҷорӣ карда шавад», — изҳор доштааст Миронов.

Ин баёния дар ҳолест, ки бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти ахири ширкати корҷӯии Superjob, 59% сокинони Русия тарафдори шадидтарин кардани тартиби додани визаи корӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ буда, танҳои 15 фоизи пурсидашудаҳо зидди чунин иқдом будаанд.

Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки тақрибан нисфи муҳоҷирони корие, ки ҷои кори худро бар асари буҳрони коронавирус аз даст доданд, дар қаламрави Русия дармондаанд ва ин метавонад боиси афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Русия шавад.

Баёнияҳо дар бораи шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия дар ҳоле садо медиҳанд, ки бар асари буҳрони ношӣ аз коронавирус дар ин кишвар садҳо ҳазор нафар – ҳам муҳоҷирон ва ҳам сокинони худи Русия – ҷои кори худро аз даст доданд ва сатҳи даромади миллионҳо нафар, бо шумули муҳоҷирон, хеле пойин рафтааст.

Умедворӣ аз Путин

Дар баробари ин аксари коршиносон ва муҳоҷирони Осиёи Марказӣ хушбин ҳастанд.

“Владимир Путин хуб медонад, ки ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фоидаи Русия нест ва ин кишварҳоро аз Кремл дур мекунад, бинобар ин, пешниҳоди Миронов дастгирӣ намеёбад”-мегӯяд, коршиноси масоили муҳоҷират аз Қирғизистон Акбота Жолдасбекова.

Дмитрий Медведов мегӯяд, ки низоми ба кор қабул кардани муҳоҷирон ва қоидаҳои кори онҳо дар Русия боз ҳам шадидтар мешавад. “Ин ба хотири танзими кори муҳоҷиронест, ки ғайриқонунӣ фаъолият доранд”-гуфт, муовини Шӯрои амният.

Вале Владимир Путин зимни суҳбатҳои хеш ҳамеша таъкид мекунад, ки тарзи будубоши муҳоҷирон ва қоидаҳои кору фаъолияташон сабук карда шавад. Инчунин, Путин бар он аст, ки тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирон осон карда шавад.

Вале хурӯҷи коронавирус ва буҳрони Русия метавонад ҳама чизро тағйир диҳад ва боиси сангинтар шудани будубоши муҳоҷирон дар ин кишвар шавад. Ҷорӣ кардани низоми виза низ аз эҳтимол дур нест.

О. НОЗИР

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *