Ивази шиноснома ва симкортҳо тамдид мешавад (Видео)

Муҳлати гирифтани шиносномаҳои дохилӣ  дароз карда мешавад. Барои ин Вазорати корҳои дохилӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардааст. Дар ин бора имрӯз, 14-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Видеоро ин ҷо бинед

Аз ҷумла, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД  полковники милитсия Ҳусейн Халилзода гуфт, ки то ҳол 3,5 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои соли барориши 1996 симкорти ивазнокарда доранд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар кишвар бо шиносномаи нав ё пластикӣ сабти ном шаванд. Ин тасмим моҳи феврали соли гузашта сурат гирифт ва барои ин кор сохторҳои дахлдор то моҳи августи 2019 муҳлат доданд. Аммо дар ин муддат аксарият  соҳиби шиноснома нашуданд ва Ҳукумати кишвар муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид кард буд. вале дар ин муҳлат ҳам мардум натавонистанд шиносномаҳои худро иваз карда, симкортҳои худро дубора ба қайд гиранд.

Ҳатто  сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт рӯзҳои дароз дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд.

Ба ин хотир Вазорати корҳои дохила тасмим гирифт, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳо ва дар асоси он бақайдгирии симкортҳо дароз карда шавад. Аз тарафи ин мақомот ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дароз кардани муҳлати ивази шиносномаҳо пешниҳод гардидааст. Рӯзҳои наздик қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин марвид ба тасвиб мерасад.

Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё муодили 97 сомонӣ пешбинӣ шудааст.  Аммо Ҳусейн Халилзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД мегӯяд, ашхосе ҳастанд, ки дар гирифтани шиносномаҳои нав имтиёз доранд. Аз ҷумла шахсони нафақахӯр ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳангоми гирифтани шиносномаҳои нав маблағ намесупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *