Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ВКД одамфурӯшро дастгир кард

Як марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард соли 2017 ширкати ҶДММ “Имкон-2015”-ро ташкил карда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдааст. Дар он шаҳр ин занро муддати зиёда аз 6 моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дода, ҳуқуқашро ба пуррагӣ маҳдуд кардаанд ва бе музди маошу соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд. Нисбат ба гумонбар аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.