Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ВКД: Тирпарронӣ тавассути таппончаи пневматикӣ буд

Манобеъи  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон задухӯрд дар ҷамоати Гулистони шаҳри Левакандро ғайриқонунӣ хонданд.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, дар ин ҳодиса ҷонибҳо аз таппончаи пневматикӣ истифода кардаанд.

Як рӯз пеш “Озодӣ” дар такя ба манобеи худ дар мақомоти тафтишотӣ ва ҳукумати маҳаллӣ хабар дод, ки миёни ду гуруҳ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Леваканди вилояти Хатлон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар ин задухӯрд як нафар захмӣ шудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора чизе нагуфт.

Манобеъ гуфтанд, ҳодиса шоми 17-уми ноябр рух додааст. “Гурӯҳи аввал ба хонаи Ҳотамов Илҳом Шарбатович рафтаанд ва миёни онҳо баҳс сар задааст. Баъдан баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ кашида мешавад,” – гуфт як манбаъ.

Ба қавли манобеъ баҳс ба сари замин ва қарз будааст.

Илҳом Ҳотамов, маъруф бо номҳои Илҳоми Ботурободӣ ё “Илҳом-Командир”, дар гузашта ба тиҷорати пахта машғул буд. Ҳоло ӯ бо писараш ва афроди дигаре, ки дар ин ҷанҷол ширкат доштанд, аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бозпурсӣ мешаванд.

Тарафи дигари баҳс аз афроди наздик ба моликони бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар иборат аст. Ин иттилоъро расман мақомот ва ҳеч манбаи дигар тасдиқ ва ё рад намекунанд. Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон наздик ҳастанд, тааллуқ дорад.

Дар бораи шахсияти Илҳом Ҳотамов маълумоти зиёде дар даст нест. Тибқи иттилои дарёфтӣ ӯ яке аз соҳибкорони маъруф дар вилояти Хатлон аст.

Моҳи марти имсол дар натиҷаи як задухӯрди мусаллаҳона дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) се нафар, аз ҷумла як корманди пулис захмӣ шуда буданд. Ҳодиса дар назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” рух дод. Он вақт низ мақомот сабаби занозании ду гурӯҳро шарҳ надоданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.