Вориди мошин ба Тоҷикистон 34 фоиз кам шудааст

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон воридот ва содироти мошинҳо коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, воридоти воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳ 34,1% ё худ 63,9 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфтааст.

«Ҳаҷми умумии воридоти воситаҳои нақлиёт барои моҳҳои январ-июли соли 2020 беш аз 123,6 миллион доллар аст», — омадааст дар иттилоия Хадамот.
Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин давраи соли 2019, воситаҳои нақлиёт ба маблағи беш аз 187,5 миллион доллар ворид карда шуда буд.Ба Тоҷикистон бо назардошти қобилияти харидории аҳолӣ мошинҳои нисбатан арзон ворид мешуданд.Нақлиёти автомобилӣ, асосан мошинҳои мусофирбар аз кишварҳои назди Балтика, Аврупо ва Осиё ворид карда мешаванд. Тамғаҳои маъмултарини мошинҳои мусофирбарӣ «Опел», «Мерседес», «Тойота» ва «Хёндай» мебошад. Дар бозори мошинҳои вазнин истеҳсолкунандагони Чин мавқеи пешбарро ишғол мекунанд. Ба гуфтаи дилерҳо, воридоти мошинҳои боркаш аз Хитой дар ҳоли афзоиш аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *